Меҳмонони олиқадр, устодону донишҷӯёни муҳтарам ва ҳозирини гиромӣ!
Қаблан ҳузури мубораки якояки Шуморо дар ин ҳамоиш - чорумин конфренсияи солонаи илмӣ-амалии олимони Донишгоҳи давлати тиббии Хатлон хайра макдам гуфта, бароятон дар ин чорабинии муҳими илмӣ барору муваффақият таманно менамоям.
Ҳозирини гиромӣ!
Мехоҳам махсус қайд намоям, ки ҳамаи мо кормандон ва донишҷӯёни Донишгоҳи давлатии тиббии Хатлон ҳанӯз ҳам зери таассуроти фараҳбахш аз ҳузур ва суханронии Асосгузори Сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бахшида ба таҷлили "Рӯзи Дониш" ва ифтитоҳи як қатор иншооти ДДТХ, қарор дорем. Пешвои муаззами миллат, ки шахсан ташаббускор, таҳиягар, меъмор ва бунёдгузори ДДТХ ҳастанд, аз соли таъсисёбии донишгоҳ то имрӯз бори панҷум аст, ки ба донишгоҳи мо ташриф меоранд ва ҳар дафъа иншооти наверо дар донишгоҳ ифтитоҳ намуда, мавриди истифода қарор медиҳанд. Ҳамаи ин мояи ифтихор ва сарбаландии мо кормандон ва донишҷуёни донишгоҳ аст.
Аз таъсисёбии Донишгоҳи давлатии тиббии Хатлон баъд аз 2 моҳ 8 сол пур мешавад. Соли 2016 бо иқдоми наҷибонаи Пешвои муаззами миллат бори аввал дар таърихи Тоҷикистони соҳибистиқлол дар вилояти Хатлон ба хотири қонеъгардондани талаботи ҷомеа бо мутахассисони маълумоти олии тиббидошта Донишгоҳи давлати тиббии Хатлон таъсис дода шуд. Чи тавре ки дар навор дидем, Пешвои муаззами миллат дар Паёми навбатии хеш ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, 20 январи соли 2016 роҷеъ ба масъалаи норасоии мутахассисони дорои маълумоти олии тиббӣ таваҷҷуҳи хосса зоҳир карда, вазъи таъминот бо ин мутахассисонро дар кишвар нигаронкунанда арзёбӣ намуданд.
Сарвари давлат барои ба таври мусбӣ ҳаллу фасл шудани масъалаи мазкур ягона тадбирро дар таъсис додани донишгоҳи наву замонавии тиббӣ дониста, ба ниҳодҳои марбута супориш доданд, ки то оғози соли нави таҳсили 2016-2017 барои ба фаъолият шуруъ кардани боз як муассисаи таҳсилоти олии касбии тиббӣ дар вилояти Хатлон чораҷӯӣ намоянд.
Бо дарназардошти иҷроиши супориши мазкур, Ҳукумати ҶТ зимни баргузории ҷаласаи ҷамъбасти сол 21.01.2016, ДДТТ ба номи Абуали ибни Сино ва вазорату мақомоти дахлдорро вазифадор намуданд, ки роҷеъ ба лоиҳаи сохтмони донишгоҳи тиббӣ дар вилояти Хатлон ба Ҳукумати ҶТ пешниҳод манзур намоянд.
Ҷиҳати иҷроиши супориши мазкур, раёсати ДДТТ Ситоди корӣ оид ба таҳияи "Лоиҳаи Донишгоҳи давлатии тиббии Хатлон"-ро таъсис дод. Ситоди номбурда, баъди омӯзиши ҳаматарафаи дастурҳои байналмилалӣ оид ба лоиҳакашии муассисаҳои таҳсилоти олии тиббӣ, истифодаи таҷрибаи бисёрсолаи фаъолияти ДДТТ, инчунин бо дарназардошти фикру мулоҳизаҳои мутахассисону коршиносони соҳа, оид ба сохтмони бинои муассисаи нави таҳсилоти олии тиббӣ дар вилояти Хатлон фикру мулоҳизаҳои хешро дар таърихи рӯзи 11 уми феврали соли 2016 ба Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон пешниҳод намуд. Фикру мулоҳизаҳо, таҳлилҳо ва пешниҳодҳо, ба куллӣ пазируфта шуданд. Дар натиҷа, ҷиҳати таъсису ташкили ДДТХ Қарори Ҳукумати ҶТ аз 25.02 соли 2016, таҳти №79 "Дар бораи таъсиси Муассисаи давлатии таълимии "Донишгоҳи давлатии тиббии Хатлон" дар кӯчаи И.Шарифов – 3и н. Данғара қабул карда шуд.
Фаъолияти Донишгоҳи давлатии тиббии Хатлон аз 4 марти соли 2016 бо таъсис додани раёсати муваккатӣ аз ҳисоби ректор ва 10 нафар собиқ кормандони ДДТТ, оғоз гашт. Маҷмааи таълимии барои ДДТХ чудокардашуда дар кучаи Исмат Шариф ҳануз дар истифодаи ДДД қарор дошт ва дар ончо донишчуён таҳсил менамуданд. ДДД танҳо баъд аз 4 моҳ бо ифтитоҳ ва мавриди истифода қарор гирифтани маҷмааи таълимии нав, тавонистанд ҷойро барои ДДТХ озод намоянд. Бинобар ин Макомоти махалии ҳокимияти давлатӣ дар н. Дангара барои раёсати муваққатии донишгоҳ 3 ҳучра (.. 86.м. кв.) дар ошёнаи дуюми бинои "Маркази таҳлилии лоиҳаҳои обёрии заминҳои водии Дангара" чудо намуданд.
Бинобар сабаби то моҳи сентябр кушода нашудани маблағгузории донишгоҳ, таъминоти молиявии фаъолияти донишгоҳ дар давоми 6 моҳи аввал ба пуррагӣ аз ҳисоби маблағҳои хайриявӣ ба роҳ монда шуда буд.
Бо мақсади омода ва дастрас намудани эҳтиёҷоти донишгоҳ бо маводҳои аввалиндараҷаи таълимӣ - озмоишӣ ва ғ. дар давоми 6 моҳи соли 2016, раёсати ДДТХ ба роҳбарони ташкилоту муассисаҳои ҷумҳурӣ барои расонидани кумакҳои моддӣ бо мактубҳои дархостӣ муроҷиат намуд. Хушбахтона, ин иқдом аз ҷониби як қатор муассисаҳо дастгирӣ ёфт, аз ҷумла:
- Донишгоҳи давлати тиббии Тоҷикистон ба номи Абӯалӣ ибни Сино ба маблағи умумии 216 660 сомонӣ 8455 нусха китобҳои таълимию бадеӣ, 1 доскаи электронӣ ва 50 адад айёниятҳои таълимӣро барои кафедраи анатомия ба донишгоҳ туҳфа намуд.
- Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи Абӯабдуллоҳ Рӯдакӣ ба маблағи умумии 39000 сомонӣ таҷҳизоти озмоишӣ барои кафедраи физикаи биологӣи донишгоҳ дастрас намуд.
- Кумитаи ҷумҳуриявии иттифоқи касабаи кормандони тандурустии Тоҷикистон бо маблағи 40 000 сомонӣ кумаки молиявӣ расонид.
- Раиси шаҳри Қурғонтеппа ба маблағи умумии 10 000 сомонӣ 50 маҷмуи мизу курсии таълимӣ харида ба донишгоҳ туҳфа намуд.
- Ҷамъияти Саҳомии Пушидаи «Исмоили Сомонӣ» ба маблағи умумии 18 000 сомонӣ ашё ва лавозимоти хоҷагӣ туҳфа кард.
- Инчунин Шахсони инфиродӣ –дар ҳаҷми 150 000 сомонӣ кумаки молиявӣ расониданд. (Ҳамагӣ 473660 Сомони)
Ғайр аз ин, Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикисон як бинои хобгоҳи донишҷӯёнро бо маблағи 425000 сомонӣ ба пуррагӣ таъмир намуд. Вазорати маориф ва илми ҶТ бошад, ба маблағи умумии 480 000 сомонӣ – ба донишгоҳ 350 адад крават, курпаю болишт, простин ва 610 адад китобҳои бадеӣ туҳфа намуд.
Дар маҷмуъ, дар солҳои 2016-2017 барои таъмини эҳтиёҷоти донишгоҳ бо маводҳои аввалиндараҷаи таълимӣ – озмоишӣ аз ҷониби вазорату идораҳо, ташкилоту муассисаҳои ҷумҳурӣ ва шахсони воқеӣ ба донишгоҳ ба маблағи умумии 2,8 млн. сомонӣ кумакҳои моддӣ расонида шудааст, ки бо истифода аз фурсат ин ҷо мехоҳам ба ҳамаи онҳо миннатдории самимонаи худро баён намоям.
То оғоз ёфтани соли таҳсили 2016-2017, дар назди раёсати муваққатии донишгоҳ ҳалли 4 гуруҳ масъалаҳои аввалиндараҷа зарур буданд, аз ҷумла:
- Масъалаҳои ташкилӣ ва барасмиятдарории муассисаи навтаъсис.
- Ташкил ва гузаронидани маъракаи қабули аввалин довталабон барои соли таҳсили 2016-2017.
- Ташкил ва гузаронидани озмун барои ҷалби омузгорон барои курси аввал ва кормандон барои сохторҳои донишгоҳ
- Таъмиру тармими маҷмаи таълимии воқеъ дар кучаи Исмат Шариф пас аз озод шудани он пеш аз шуруъ шудани соли таҳсилӣ.
Тибқи супориши Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қабули аввалин довталабон ва ташкили имтиҳоноти қабул барои 3 соли аввал ба уҳдаи роҳбарияти донишгоҳ вогузор гардида буд. Раёсати донишгоҳ тавонист ин маъракаро, новобаста аз маҳдуд будани имкониятҳо ва душвориҳои зиёд, аз 1-уми апрел то 15-уми майи соли 2016 бо муваффақият ба анҷом расонад. Дар натиҷаи ҷамъбаст намудани маъракаи қабул барои соли таҳсили 2016-2017 аз 1633 нафар довталабони ҳуҷҷатсупорида, 353 нафари беҳтарин аз тамоми гушаву канори Ҷумҳурӣ ҳамчун аввалин донишҷӯён ба курси якуми донишгоҳ қабул карда шуданд.
(Аз теъдоди қабулшудагон 58,0%-и донишҷӯён аз вилояти Хатлон, 19,6% аз вилояти Суғд, 0,6% аз вилояти ВМКБ, 11,3% ноҳияҳои тобеи марказ ва 10,5% донишҷӯён аз шаҳри Душанбе буданд.)
Бо мақсади ҷалби мутахассисони арзанда нахустин маротиба аз моҳи май то моҳи июни соли 2016 озмуни ишғоли вазифаҳои холӣ барои ҳайати профессорону омӯзгорон эълон карда шуд. Дар озмун беш аз 50 нафар устодону омӯзгорон аз тамоми муассисаҳои олии кишвар ҳуҷҷат пешниҳод намуда буданд. Аз рӯйи натиҷаҳои озмун 26 нафар ба ҳайати профессорону омӯзгорон қабул карда шуданд.
Дар донишгоҳ бори аввал Шуъбаи таълим, Деканати факултетҳо, 5 кафедра, Шуъбаи кадрҳо, Шуъбаи муҳосибот, Шуъбаи таҳлил, назорат ва робита бо ҷомеа, Маркази технологияҳои иттилоотӣ, Китобхона, Ташкилоҳои ҷамъиятӣ ва муовинати хоҷагидорӣ таъсис дода шуданд. Дар натиҷаи ба сомон расонидани корҳои ташкилӣ моҳи августи соли 2016 Раёсати доимии донишгоҳ иборат аз 16 нафар ва Шӯрои олимони Донишгоҳи давлатии тиббии Хатлон иборат аз 23 нафар таъсис дода шуд.
Раёсати донишгоҳ аз соли 2018 инҷониб сохторҳои навро аз қабили, шуъбаи илм ва инноватсия, шуъбаи тарбия ва фарҳанг, шуъбаи таҷрибаомӯзӣ, Маркази курси малакаҳои амалӣ, Маркази таҳсилоти баъдаздипломӣ, Типографияи донишгоҳӣ, Дармонгоҳи донишҷӯён ва 10 кафедраҳои клиникӣ ва тиббӣ-назариявиро таъсис дод. Ҳамзамон дар сохтори донишгоҳ дар асоси Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Коллеҷи тиббии ноҳияи Данғара ба сохтори донишгоҳ гузаронида шуд ва инчунин дар ноҳияи Темурмалик Коллеҷи тиббии Донишгоҳи давлати тиббии Хатлон таъсис дода шуд.
Аввалин дастовардҳои назарраси донишҷӯён ва олимони ҷавони донишгоҳ дар озмунҳои илмию фаннӣ ва маърифатию варзишӣ дар миқёси вилоят ва ҷумҳурӣ маҳз аз соли 2018 оғоз гардида буд.
Аз ҷумла, донишҷӯён мо барандаи Дипломи «Донишҷӯи соли 2018» дар вилояти Хатлон ва барандаи ҷойи сеюм дар озмуни «Донишҷӯи соли 2018» дар ҷумҳурӣ гардида буданд. Ҳамзамон аввалин маротиба 7 нафар аз донишҷӯёни аълохон ба гирифтани стипендияи Президенти ҶТ ноил гардида буданд.
Дар соли 2021 донишҷӯи курси 5 -уми донишгоҳ Раҷабов Наимҷон дар озмуни ҷумҳуриявии “Донишҷӯи сол - 2021” ширкат варзида, бо нишондиҳандаи беҳтарин соҳиби ҷойи якум дар Ҷумҳурӣ гардид. Дар олимпиадаи ҷумҳуриявии фаннӣ бошад аз байни 41 муассисаҳои олии Ҷумҳурии Тоҷикистон нахустин бор аз 13 ҷойҳои аввал, донишгоҳи мо сазовори ду ҷойи 1–ум ва як ҷойи 3–юм гардид.
Ғайр аз ин, донишҷӯёни донишгоҳ дар озмуни ҷумҳуриявии “Ҷоми Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон” дар давоми солҳои 2020 -2023 ширкат варзида, се маротиба сазовори ҷойи 1–ум ва 4 маротиба сазовори ҷойи 3-юм гаштанд. Соли 2019 аввалин маротиба дастаи донишҷӯёни ДДТХ дар Олимпиадаи 6 –уми умумироссиягӣ, ки дар Донишгоҳи давлати тиббии ба номи И.М. Сеченов баргузор шуда буд, дар байни 52 муассисаҳои олии тиббии бонуфузи Федератсияи Россия ва давлатҳои ИДМ аз рӯи номинатсияи донистани маҳорати малакҳои амали соҳиби Диплом гардид. Соли 2021 8 нафар донишҷӯён дар озмуни “Илм – фурӯғи маърифат” иштирок карда, дар даври ниҳоӣ 2 нафар ҷойи 2-юмро соҳиб шуданд. Дар соли 2023 дар Олимпиадаи фаннии ҷумҳуриявӣ ду ҷойи 2-юм, 1 ҷойи 3 -юм ба даст омадааст.
Дастаи олимпии донишҷӯён дар Олимпиадаи ҷумҳуриявии “Авитсенна-2023”, ширкат варзида соҳиби як ҷойи 1 –ум ва ду ҷойи 2- юм гаштанд.
Моҳи октябри соли 2023 ассистенти кафедраи фанҳои ҷарроҳии №1-и донишгоҳ Дадоҷонов Ҷаҳонгир дар озмуни ҷумҳуриявии "Илм-фурӯғи маърифат" ғолиби мутлақи озмун ва аввалин Шоҳҷоиза гардид.
Иштироки донишҷӯён дар озмунҳои сатҳи байналмилалӣ низ назаррас аст, аз ҷумла дар солҳои 2020 то 2023 дар Онлайн-олимпидаи байналмиллалӣ донишҷӯёни мо ба дарёфти 4 ҷойи якум, 9 ҷойи дуюм ва 19 ҷойҳои сеюм мушарраф гардиданд.
Дар маҷмуъ, дар давоми 7 соли фаъолияти донишгоҳ донишҷӯёни мо дар озмунҳои дар боло зикршуда иштирок намуда, дар натиҷа 19 ҷойи аввал, 22 ҷойи дуюм, 27 ҷойи сеюм, 13 ҷойҳои ифтихорӣ ва 7 дипломҳои дараҷаи 1 ва 2-ро дар конфронсҳо ба даст оварданд. Инчунин, шуруъ аз соли 2018 21 нафар донишҷӯён барандаи стипендияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон гардиданд.
Боиси қайд аст, ки аз соли 2021 аввалин маротиба дар Донишгоҳи давлатии тиббии Хатлон хатми донишҷуён сурат гирифт ва то имрӯз дар маҷмуъ 747 нафар донишгоҳро хатм намуданд, ки аз ин 79 нафарашон соҳиби дипломи аъло гардиданд.
Фаъолияти илмӣ - иннавотсионии донишгоҳ аз соли 2018 инҷониб ба роҳ монда шудааст, ки дар ин муддат зиёда аз 940 таълифоти илмӣ, 6 монография, 4 ихтироот, 25 пешниҳоди навоварона, 12 китоби таълимӣ ва зиёда аз 50 дастурҳои методӣ аз ҷониби олимони донишгоҳ ба нашр расидааст. Дар ин давра 2 нафар кормандони донишгоҳ рисолаҳои докторӣ ва 6 нафар рисолаҳои номзадии худро ҳимоя намуданд.
Дар донишгоҳ аввалин рӯзномаи “Пайки Шифо” ва маҷаллаи илмӣ – тиббии “Симурғ” таъсис дода шуд.
Аз соли 2017 инҷониб дар доираи корҳои тарбиявии донишгоҳ бо мақсади шиносоӣ бо табиати биҳиштосо ва мероси таърихӣ-фарҳагии кишвар ва инчунин дастгирии сайёҳии дохилӣ дар донишгоҳ «Клуби сайёҳӣ» таъсис дода шудаст ва он то имрӯз фаъолияти пурсамар дорад.
Корҳои муолиҷавӣ яке аз самтҳои муҳими фаъолияти донишгоҳ ба ҳисоб меравад. Шуруъ аз моҳи феврали соли 2016 то инҷониб омӯзгорони донишгоҳ фаъолияти ихтисосиро дар беморхонаҳои ноҳия ба ҳайси ҳамкор ба роҳ мондаанд. Дар ин давра аз ҷониби кормандони донишгоҳ зиёда аз 70 ҳазор (70 313) ниёзмандон муоина ва муолиҷа карда шудаанд. Аз ин миқдор ба 4534 беморон амалиёти ҷарроҳӣ гузаронида шудааст, Дар шароити беморхонаи ҷумҳуриявии клиники бори аввал зиёда аз 60 намуди амалиётҳои ҷарроҳии реконструктивӣ ва барқарорсозӣ ворид ва дар амалия ҷорӣ гардидааст.
Бо мақсади ба роҳ мондани ҳамкориҳои судманд бо ташкилоту муассисаҳои таълимӣ, марказҳои бонуфузи илмии ватанӣ ва хориҷӣ дар ин давра донишгоҳ 15 шартномаҳои ҳамкориро ба имзо расонидааст ва то имрӯз соҳиби 5 лоиҳаи грантӣ бо маблағи 6,7 млн. Сомонӣ гаштааст.
Бинои асосӣ, ки санги асоси онро Пешвои муаззами миллат 31-уми августи соли 2016 гузошта буданд ва мо ҳоло дар он қарор дорем, дар масоҳати 1,8 гектар қомат афрохтааст. Масоҳати умумии бино қариб 26 ҳазор (25 956) м2 буда, аз ин қариб 14 ҳазори он (13786,8 м2) масоҳати муфиди таълимӣ мебошад. Шумораи умумии синфхонаҳо 80 бо ғунҷоиши 2004 ҷойи нишаст мебошад. Шумораи умумии толорҳо 12 адад бо ғунҷоиши 2190 ҷои нишаст мебошад ва дар маҷмуъ 4194 ҷойро ташкил медиҳад.
Дар баробари ин, Бинои таълимии дар шафати бинои асосӣ қарордошта, ки аз шаш ошёна иборат аст, дар масоҳати 0.5 гектар қомат афрохтааст. Масоҳати умумии бино 2451,6 м2 –ро ташкил медиҳад, ки аз ин 1065 м2-и он масоҳати муфиди таълимӣ мебошад. Дар бино ҳамагӣ 16 синфхона, (аз ин 6 озмоишгоҳи илмию фаннӣ) бо ғунҷоиши 318 ҷойи нишаст ва 1 толори лексионӣ бо теъдоди 100 ҷойи нишаст барои таълиму тадриси донишҷӯён шароит фароҳам оварда шудааст.
Бинои ошхона низ бо тарҳи замонавӣ сохта шудааст, ки дар як вақт барои хизмат расонидании 300 нафар ба инобат гирифта шудаст.
Арзиши умумии биноҳои донишгоҳ беш аз 400 млн. сомонӣ ва арзиши умумии таҷҳизоти таълимию илмӣ ва озмоишии донишгоҳ имрӯз 12,6 млн. сомониро ташкил медиҳад.
Ҳамин тариқ, имрӯз 164 синфхона, 19 толори лексионӣ, 5 толори маҷлисӣ, 3 синфхонаи компютерӣ, 2 толори хониш, 1 толори фарҳангӣ, 1 майдони варзишӣ, 24 озмоишгоҳи кафедравӣ, 1 китобхонаи электронӣ бо тамоми лавозимоти таълимию озмоишӣ барои 7500 ҷойи нишаст муҷаҳҳаз гардонида шудааст.
Бо мақсади ғанӣ гардонидани фонди китобхона, аз соли 2016 то соли 2023 ба маблағи умумии 2,8 млн. сомонӣ 487 номгӯй китобҳои баландсифати таълимии ихтисосӣ, ки теъдодашон ба 15 615 нусха мерасад харидорӣ карда шудааст. Илова бар ин, 153 номгӯи китобҳо бо теъдоди 19 187 нусха ба донишгоҳ туҳфа гардидааст. Дар маҷмуъ, фонди китобхонаи донишгоҳ аз 1106 нусхаи соли 2016 ба 34 802 нусха дар соли 2023 расонида шудааст. Ғайр аз ин дар китобхона то имрӯз зиёда аз 75 ҳазор (75 474) адабиёти электронӣ ҷамъоварӣ гардидааст.
Аз соли 2020 дар сохтори донишгоҳ “Маркази омӯзиши симулятсионӣ” таъсис дода шудааст. Имрӯз дар ин марказ 10 озмоишгоҳи фаннӣ, барои омӯзонидани донишҷӯён фаъолият менамояд. Ин озмоишгоҳҳо барои омӯзиши малакаҳои амалии касбӣ ва беҳтару хубтар намудани салоҳиятнокии касбӣ нақши муҳим мебозанд. Барои бо таҷҳизоти муосир таъмин намудани озмоишгоҳҳои Марказ ба маблағи умумии 4,5 млн. сомонӣ сарф гардидааст.
Илова бар ин, дар назди кафедраҳои донишгоҳ озмоишгоҳҳои фаннию илмӣ низ фаъол мебошанд, ки онҳо низ бо таҷҳизоти ҳозиразамон муҷаҳҳаз гардонида шудаанд. Аз ҷумла, озмоишгоҳи “Физикаи тиббӣ”, “Химияи тиббӣ”, ”Биохимияи клиникӣ”, “Гистология, эмбриология ва ситология”, “Анатомӣ”, “Беҳдоштӣ ва эпидемиологӣ”, “Омодасозӣ ва захираи нигаҳдории препаратҳо”, “Паталогоанатомӣ”, “Микробиология”, “Вирусологӣ (ПЦР)”, “Физиология ва патологияи хун”, “Психофизиология” ва кабинети лингофонӣ барои омӯзиши забонҳои хориҷӣ.
Имрӯз дар донишгоҳ теъдоди омӯзгорону кормандони асосӣ аз 37 нафари соли 2016 ба 323 нафар расидааст. Аз шумораи умумии кормандон 181 нафар ё худ 56,04% -ро ҳайати профессорону омӯзгорон ташкил медиҳанд. Теъдоди омӯзгорони дараҷаи илмидошта ба 25 нафар ё худ 18,2% расидааст.
Теъдоди умумии донишҷӯён аз 353 нафари соли 2016 ба 2243 нафар расидааст, Аз шумораи умумии донишҷӯён 35,4% (791нафар) тариқи буҷавӣ ва 64,6% (1453 нафар) дар гуруҳҳои шартномавӣ таҳсил менамоянд. Теъдоди духтарон 28,2% (633 нафар) ва писарон 71,8% (1610 нафар) ташкил медиҳад.
Дар баробари ин, донишҷӯёни тибқи квотаи Президентӣ 98 (4,1%) нафарро ташкил дода, ҳамзамон дар байни донишҷӯён 14 (0,6%) нафар ятими кулл ва 11 (0,6%) нафар маъюбони гурӯҳи 2 ба таҳсил фаро гирифта шудаанд.
Миқдори гурӯҳҳои академӣ аз 116 адад иборат буда, аз ин миқдор 36 (31,1%) гуруҳ бо забони тоҷикӣ ва 80 (68,9%) гурӯҳ бо забони русӣ таҳсил менамуданд. Аз шумораи умумии донишҷӯён аз вилояти Хатлон – 1195 нафар (53,2%), аз вилояти Суғд – 592 нафар (26,4%), аз ВКМБ - 11 нафар (0,5%), аз НТМ – 249 нафар (11,2%), аз ш. Душанбе – 192 нафар (8,6%), аз Ҷумҳурии Қазоқистон 3 нафар, аз Ҷумҳурии Халқии Хитой– 1 нафар ва аз Ҷумҳурии Исломии Афғонистон – 1 нафарро ташкил медиҳад.
Дар зинаи таҳсилоти баъдаздипломии донишгоҳ 145 нафар таҳсил менамоянд, аз ҷумла аспирантҳо - 7 нафар, унвонҷӯён - 12 нафар, доктарантҳо - 3 нафар, интернаҳои клиникӣ - 68 нафар ва ординаторни клиникӣ - 55 нафар.
Ҳамин тариқ, Донишгоҳи давлатии тиббии Хатлон дар муддати беш аз 7 соли фаъолият ташаккул ёфт ба камол расид ва тавонист, ки пеш аз ҳама, раванди таълимро бо таъсис додани сохторҳои зарурӣ ба роҳ монда, омӯзгорони соҳибтаҷриба ва дараҷаи илмидоштаро ба қадри имкон ба донишгоҳ ҷалб намояд, заминаи моддӣ-техникии донишгоҳро давра ба давра таҳким бахшад, китобхона ва кафедраҳоро бо китобҳои таълимӣ ва воситаҳои айёнӣ таъмин намояд, ҳолати маишии кормандону омӯзгоронро бо андешидани чораҳои амалӣ беҳтар созад, пойгоҳи клиникии худро дар беморхонаҳо таъсис диҳад, барои таҷрибаомӯзии истеҳсолӣ ва рушд бахшидани маҳорату малакаи касбӣ шароит фароҳам оварад, корҳои илмӣ-тадқиқотӣ ва нашриявиро ба талаботи меъёрҳо мутобиқ намояд ва аз тамоми гӯшаю канори ҷумҳурӣ донишҷӯёнро ба таълиму тарбия фаро гирад.
Дар дурнамои наздик донишгоҳ дар назди худ вазифаҳои зеринро гузоштааст, ки бо иҷро шудани онҳо заминаи моддӣ-техникии донишгоҳ боз ҳам таҳким ёфта, имкониятҳои потенсиалии он хеле зиёд мегардад.
- Аз соли нав дар донишгоҳ боз ду факултети нав - аз ҷумла “Кори тиббӣ – профилактикӣ” ва факултети “Фарматсевтӣ” бори аввал таъсис дода хоҳад шуд;
- Аз соли таҳсили 2024 -2025 шумораи қабули довталабон ба курси якӯм ду маротиба зиёд гардида, он аз 400 ба 800 нафар хоҳад расид.
- Барои ҷалби бештари шаҳрвандони хориҷӣ дар зинаҳои тодипломӣ ва баъдидипломӣ чораҳои зарурӣ хоҳем андешид;
- Сохтмони иншооти Маҷмааи донишгоҳ, аз қабили бинои хобгоҳи донишҷӯён, бинои истиқоматии омӯзгорон, бинои Озмоишгоҳи марказии илмӣ – тадқиқотӣ, биноҳои таълимии № 2 ва 3 ва бинои Клиникаи донишгоҳӣ давом дода хоҳад шуд.
- Дар соли 2024 масъалаи бо ҷои зист таъмин намудани Ҳайати профессорону омузгорони донишгоҳ ба пуррагӣ ҳаллу фасл хоҳад шуд. Вобаста ба ин, бо фармоиши Ҳукумати ҶТ аз 28 ноябри соли 2023 таҳти рақами 105 –ф ду бинои 9-ошёнаи сохтмонашон нотамом дар маҳаллаи 7-и ноҳия ба тавозуни ДДТХ гузаронида шудаанд.
- Дар Бинои асосӣ Маркази нави таълимӣ - клиникии “Стоматология” таъсис ва ташкил карда хоҳад шуд.
- Дар заминаи Дармонгоҳи ноҳиявӣ ва ҳамзамон дар бинои таваллудхонаи ноҳиявӣ кафераҳои муносиби клиникии донишгоҳ ҷойгир карда хоҳанд шуд.
Дар фарҷоми сухан мехоҳам бори дигар таъкид намоям, ки иқдоми Пешвои муаззами миллат дар масъалаи таъсису мавриди истифода қарор додани Донишгоҳи давлатии тиббии Хатлон ҳамчун дуюмин муассисаи олии касбии тиббӣ дар ҷумҳурӣ хеле муҳим, баҳангом, мондагор ва барои мардуми шарифи Тоҷикистон манфиатовар аст.
Саломату сарбаланду саодатманд бошед!