Скачать шаблон Joomla с JooMix.org
Шанбе, 23 Декабр 2023 00:00

БАРГУЗОРИИ КОНФРОНСИ ҶУМҲУРИЯВИИ ИЛМӢ-АМАЛИИ ДДТХ (СОЛОНА IV) ДАР МАВЗУИ “СТРАТЕГИЯИ РУШДИ ИЛМИ ТИБ ВА СОҲАИ ТАНДУРУСТӢ ДАР ЗАМОНИ МУОСИР” БАХШИДА БА 32–СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИЯТИ ДАВЛАТИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

 

Санаи 22-юми декабри соли 2023 дар Донишгоҳи давлатии тиббии Хатлон Конфронси ҷумҳуриявии илмӣ-амалии ДДТХ (солонаи IV) дар мавзуи "Стратегияи рушди илми тиб ва соҳаи тандурустӣ дар замони муосир" бахшида ба 32–солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид.

Дар кори конфронс мутахассисони варзидаи соҳаи тиб, академикону олимон ва шахсиятҳои барӯманд ширкат варзида, суханҳои табрикотӣ ва маърузаҳои пурмуҳтаворо пешниҳоди ҳозирин  намуданд.

Конфронс аз қисмати тантанавӣ, қисмати пленарӣ ва 11 бахши алоҳида иборат буда, зиёда аз 150 мақола ва фишурдаҳо дар онҳо мавриди баррасӣ қарор дода шуданд.

Зикр бояд кард, ки дар конфронс Раиси ноҳияи Данғара муҳтарам Раҳмон Исломиддин Хайриддин, сардори Раёсати бахши илмҳои тиббии АМИТ ҶТ - Ғоибзода Алиҷон Ҷура, узви вобастаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон, муовини ректор оид ба илм ва иноватсияи Донишкадаи тиббӣ – иҷтимоии Тоҷикистон - Ахмедов Аламхон Ахмедович, профессори кафедраи онкология, ташхиси шуоӣ ва табобати шуоии ДДТТ ба номи Абуалӣ ибно Сино, доктори илмҳои тиб - Сангинов Ҷумабой Раҳматович, профессори ДДТТ ба номи Абуалӣ ибно Сино - Саидов Абдулманон Саторович, академики Пажуҳишгоҳи гастроэнтерологияи ҶТ - Меъроҷов Ғиёсиддин Кутбиддинович, профессори кафедраи физиологияи нормалӣ ва поталогияи Донишкадаи тиббӣ-иҷтимоии Тоҷикистон - Шукуров Фируз Абдуфаттоевич, профессори ДДТТ ба номи Абуалӣ ибни Сино - Шерматов Эркин Саидович ва дигар олимони шинохтаи соҳаи тиб иштирок ва баромад намуданд.

Лозим ба қайди хос аст, ки дар конфронси мазкур зиёда аз 150 нафар меҳмонон, олимону мутахассисон, профессорону номзадони илм, унвонҷӯёну аспирантон, ҳамзамон, зиёда аз 800 нафар ҳайати профессорону омӯзгорон ва донишҷӯёни донишгоҳ ширкат варзиданд. Конфронс тибқи сенарияи банақшагирифташуда доир гардида, то соати 15:30 кори худро ба анҷом расонид.

Хондан 87 times Last modified on Шанбе, 30 Декабр 2023 10:17

Leave a comment

Боварӣ ҳосил намоед, ки маълумоти заруриро (*) ворид созед. Коди HTML иҷозат дода намешавад.

Таърихи ДДТХ

Our partners
 

Тамос бо мо

МТД "Донишгоҳи давлатии тиббии Хатлон"

  • Суроға: н.Данғара, кӯчаи Исмат Шариф - 3
  • Телефон: +992 3312 21034
  • Факс: +992 3312 21035
  • Email: info@khatmedun.tj
  • Шуъбаи таҳлил, назорат ва робита бо ҷомеа: +992 3312 21029

Маводҳои муфид