Санаҳои 1-ум ва 2-юми декабри соли 2023 дуюмин Конгресси байналмилалӣ дар мавзуи «Тандурустии миллӣ-2023» аз ҷониби Вазорати тандурустии Федератсияи Русия ва Фонди «Росконгресс» дар шаҳри Москва баргузор гардид. Мақсад аз ташкили Конгресси миллӣ ин дар шакли суҳбати озод баррасӣ намудани масъалаҳои мубрами ташкилӣ ва иқтисодиёт дар соҳаи тандурустӣ, пешниҳод намудани дастовардҳо ва табодули таҷриба дар татбиқи лоиҳаҳои муваффақгардида иборат буд.
Бо фармоиши Вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Ҷамолиддин Абдуллозода ректори Донишгоҳи давлатии тиббии Хатлон д.и.т., профессор Убайдулло Қурбон дар Конгресси мазкур ба ҳайси намояндаи Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон ширкат намуд.
Конгресс ду рӯз идома ёфта, пас аз паёмҳои видеоии Президенти Федератсияи Русия Владимир Владимирович Путин, сарвазири Федератсияи Русия Михаил Владимирович Мишустин ва паёмҳои табрикотии муовини сарвазири Федератсияи Русия-Татяна Алексеевна Голикова, муовини раиси Шӯрои федератсияи маҷлиси федералии Федератсияи Русия - Инна Юриевна Святенко, муовини раиси Думаи давлатии Маҷлиси федералии Федератсияи Русия - Анна Юриевна Кузнетсова ва баромади Вазири тандуруситии Федератсияи Русия - Михаил Албертович Мурашко, маъруза ва баромадҳо дар қисмати пленарӣ ва бахшҳои алоҳида шунида шуданд.
Ҳамчун намояндаи Тоҷикистон ректори Донишгоҳи давлатии тиббии Хатлон Убайдулло Қурбон дар рӯзи аввали чорабинии илмӣ дар бахшҳои «Навовариҳо дар соҳаи тандурустӣ: тадбирҳо оид ба дастгирии рушди инноватсияҳо ва имкониятҳои татбиқи босуръат дар асоси таҷрибаи Русия ва Чин» ва «Илми тиб дар сафи пеши соҳибихтиёрии технологии мамлакат» иштирок намуда, дар рӯзи дуюми Конгресс дар бахши «Захираҳои инсонӣ дар соҳаи тандурустӣ: роҳҳои нави ҳали мушкилоти мураккаб» оид ба «Масъалаҳои захиравии кадрӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» маъруза намуд.
Ҳамзамон, дар рӯзи охири Конгресс Ректори ДДТХ дар бахши «Маълумоти олии тиббӣ дар Русия: рушди устувор ва имкониятҳои нав» иштирок дошт, ки дар ин бахш масалаҳо оид ба омода намудани мутахассисон дар соҳаи тандурустӣ ва инчунин, баланд бардоштани нуфузи таҳсилоти тиббӣ дар Русия барои шаҳрвандон ва донишҷӯёни хориҷӣ мавриди баррасӣ қарор гирифта буданд.
Хабарнигори сомона.