Санаи 4-уми декабри соли 2023 дар толори Донишгоҳи давлатии тиббии Хатлон ҷаласаи навбатии ташкилоти “Ҷамъияти муттаҳидаи ҷарроҳони Ҷумҳури Тоҷикистон” баргузор гардид. Тибқи Рӯзномаи ҷаласа мавзуъҳои “Ҷарроҳии реконструктивии-пластикии дар шароити БҶК дар ноҳияи Данғара” аз ҷониби ассистенти кафедраи ҷарроҳии ДДТХ Дадоҷонов Ҷ.Ю., “Бартараф намудани аворизҳои баъди эктрипатсияи эндоскопии бачадон” аз тарафи мудири кафедраи ҷарроҳии №1-и ДДТХ, н.и.т., дотсент Пиров Б.С. ва “Намоиши беморони холедоходуоденоанастамози терминоалатералии оид ба холедолитиаз” аз тарафи намояндаи Беморхонаи клиникии вилояти Хатлон ба номи Б.Воҳидов -Ҳодиев Ш. мавриди баррасӣ ва таҳлил қарор дода шуданд. Аъзои ташкилоти мазкур вобаста ба мавзуъҳои баррасигардида бо маърузачиён саволу ҷавоб намуда, барои беҳтаршавии фаъолият ба маърузачиён тавсияҳои судманд доданд.
Раёсати ҷаласа барои дар сатҳи баланд доир намудани он дар Донишгоҳи давлатии тиббии Хатлон ба Роҳбарияти донишгоҳ изҳори сипос намуданд.
Дар фарҷоми ҷаласа дастагули созу суруди аъзои дастаи ҳунарии “Дурахшон” тақдими иштирокчиён гардонда шуд.
Хабарнигори сомона.