Дар асоси нақша-чорабинии муовинати илм ва нашрия баҳри иҷрои супориши Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Донишгоҳи давлатии тиббии Хатлон аз 7 -ум то 14-уми ноябри соли 2023 силсилаҳамоишҳои илмӣ бахшида ба “Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон” ба нақша гирифта шуда буд.
Дар доираи ни нақша, санаи 9-уми ноябри соли 2023 аз ҷониби кафедра забонҳо, кафедраи бемориҳои сироятӣ ва дерматовенерология, кафедраи акушерӣ-гинекологӣ ҳамоиши навбатии илмӣ бахшида ба Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид. Ҳамоишро мудири кафедраи забонҳо Одинаев С.П. ифтитоҳ бахшида, ҳамзамон қайд намуд, ки нақши Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳамчун сиёсатмадори дурандешу хирадманд дар пойдории давлатии тоҷикон, эътибору мақоми хоса пайдо намудани Ҷумҳурии Тоҷикистон дар арсаи байнадхалқӣ, бесобиқа аст.
Муовини ректор оид ба тарбия ва фарҳанг, дотсенти кафедраи забонҳо Қурбонмамадов С.Х дар мавзуи “Президенти кишвар сутуни мустаҳками миллат”, профессори фахрии донишгоҳ Должикова В.А. дар мавзуи “Корнамоиҳои Пешвои муаззами миллат”, донишҷӯи курси панҷуми факултети тиббӣ - Алиев Мунавваршоҳ дар мавзуи “Нақши Пешвои миллат дар пойдории давлати навини тоҷикон” маърӯза намуданд. Гурӯҳи донишҷӯдухтарони гурӯҳи 106 тиббӣ оид ба бузургдошти Сарвари муаззами миллат ва васфи бузургии Пешво шеърҳо қироат намуда, презентатсияҳои худро пешкаши ҳозирин намуданд.
Кафедраи забонҳо,
кафедраи бемориҳои сироятӣ ва дерматовенерология,
кафедраи акушерӣ-гинекологӣ.