Скачать шаблон Joomla с JooMix.org
Tuesday, 07 November 2023 00:00

ТАҶЛИЛИ РӮЗИ КОНСТИТУТСИЯИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ДАР ДДТХ

Санаи 4-уми ноябри соли 2023 дар Донишгоҳи давлатии тиббии Хатлон бахшида ба 29-умин солгарди қабули қонуни асосӣ ва сарнавиштсози давлату миллат - Рӯзи Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши илмӣ-адабӣ баргузор гардид.

Чорабинии мазкурро муовини ректор оид ба илм ва нашрия дотсент Боронов Ҳ.А. ҳусни оғоз бахшида, нутқи табрикотии Ректори донишгоҳ, д.и.т., профессор Убайдулло Қурбонро қироат намуд.

Сипас мудири кафедраи ҷомеашиносӣ, н.и.ф., Гулов А.А., омӯзгори кафедраи ҷомеашиносӣ н.и.с. Давлатова Г. аз муҳиммияти ин қонун, таърихи қабул ва тағйиру илова ба Конститутсияи ҶТ, нақши он дар давлатдорӣ ва дигар паҳлуҳои он маъруза намуданд. Донишҷӯён порчаҳои насриву назмиро дар ситоиши ватану меҳан, аҳаммияти қонун, рисолати Конститутсия қироат намуданд.

Аъзои дастаи ҳунарии “Дурахшон”-и донишгоҳ бо суруду таронаҳои диловез ва саршор аз меҳру муҳаббат нисбат ба Ватан, Тоҷикистони азиз, ба чорабинӣ ҳусни тозатар бахшиданд.

Бо сухани ҷамъбастӣ, муовини ректор оид ба илм ва нашрия дотсент Боронов Ҳ.А. аз номи Раёсати донишгоҳ ба масъулини чорабинӣ барои дар сатҳи баланд баргузор намудани он изҳори сипос намуда, аҳли нишастро дигарбора бо Рузи Конститутсияи ҶТ табрику таҳният намуд.

Кафедраи ҷомеашиносӣ.

Хондан 159 times Last modified on Tuesday, 07 November 2023 13:47

Leave a comment

Боварӣ ҳосил намоед, ки маълумоти заруриро (*) ворид созед. Коди HTML иҷозат дода намешавад.

Our partners
 

Тамос бо мо

МТД "Донишгоҳи давлатии тиббии Хатлон"

  • Суроға: н.Данғара, кӯчаи Исмат Шариф - 3
  • Телефон: +992 3312 21034
  • Факс: +992 3312 21035
  • Email: info@khatmedun.tj
  • Шуъбаи таҳлил, назорат ва робита бо ҷомеа: +992 3312 21029

Маводҳои муфид