Санаи 28-уми октбяри соли 2023 ҷаласаи навбатии Шурои олимон доир гардид. Тибқи рӯзнома дар ҷаласа масъалаҳои ҳисобот оид ба фаъолияти муовинати тарбия ва фарҳанг дар соли таҳсили 2022-2023, маълумот оид ба амалишавии Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи забони давлатӣ” дар ДДТХ, ахбор оид ба фаъолияти Комиссияи доимамалкунандаи дохилиидоравӣ оид ба пешгирии амалҳои коррупсионӣ дар ДДТХ шунида ва мавриди баррасӣ қарор дода шуданд.
Муовини ректор оид ба тарбия ва фарҳанг, н.и.ф., дотсент Қурбонмамадов С.Х. оид ба фаъолияти муовинати тарбия ва фарҳанг дар соли таҳсили 2022-2023, корҳои дар ин самт иҷрошуда ва камбудиҳои ҷойдошта ҳисобот дода, вазифа ва дурнамои муовинатро пешниҳод намуд.
Муовини раиси Комиссияи донишгоҳӣ Одинаве С.П. оид ба амалишавии Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи забони давлатӣ” дар донишгоҳ маълумот дода, ҷиҳати назорат ва беҳтар ба роҳ мондани кори комиссия, риояи меъёрҳои забони адабӣ ва тозаву беолоши нигоҳ доштани забони давлатӣ минбаъд низ чораҳои амалӣ андешиданро таъкид намуд.
Вобаста ба масъалаи фаъолияти Комиссияи доимамалкунандаи дохилиидоравӣ оид ба пешгирии амалҳои коррупсионӣ дар ДДТХ мушовири ректор Азизуллоев А.А. ахбор пешниҳод намуда, қайд намуд, ки минбаъд низ суҳбату вохӯрӣ ва корҳои фаҳмондадиҳӣ дар ин самт зиёдтар карда шаванд.
Дар масъалаҳои гуногун мактуби Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба риояи “Дастурамали либосҳои тавсиявӣ дар мактабҳои олӣ” низ корбарӣ гардида, инчунин, “Дар бораи тасдиқи мавзуи унвонҷӯи кафедраи фанҳои ҷарроҳӣ №1, Сангов Муҳаммад Бегиҳмадович ва “Дар бораи тасдиқи мавзуи унвонҷӯи кафедраи акушерӣ-гинекологӣ ва тибби оилавӣ Қурбонова Парвина Қурбоналиевна қарори Шурои олимон қабул карда шуд.
Раиси Шурои олимон масъалаҳои дар ҷаласа баррасишударо таҳлилу хулосабарорӣ намуда, барои иҷрои босифати корҳо дар самтҳои зикршуда ба масъулон дастури мушаххас дод.
Хабарнигори сомона.