Санаи 27-уми сентябри соли 2023 ҷаласаи навбатии Шурои олимон баргузор гардид. Нахуст Раиси Шурои олимон д.и.т., профессор Убайдулло Қурбон ҷиҳати сазовор пешвоз гирифтани Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни ифтитоҳи Бинои асосии Донишгоҳи давлатии тиббии Хатлон ва баргузор гардидани “Рӯзи Дониш ва Дарси сулҳ” ба тамоми тамоми ҲПО, роҳбарони сохторҳо ва аҳли кормандон изҳори миннатдорӣ намуда, онҳоро бо “Сипоснома” қадрдонӣ намуд.
Ҳамзамон, Раиси Шуро мудири кафедраи забонҳо - Одинаев Сайдаҳмад Полвоновичро бо 65-умин баҳори умр ва омӯзгори кафедраи фанҳои ҷомеашиносӣ - Давлатова Гулрухсорро ҷиҳати ҳимояи рисолаи илмӣ ва гирифтани Дипломи номзадӣ аз номи ҳайати Шурои олимон табрику таҳният намуд.
Сипас тибқи рӯзнома кори ҷаласа ба роҳ монда шуд. Муовини ректор оид ба таълим ва корҳои методӣ, н.и.с., дотсен аҳмадиён Ш.Р. оид ба “Фаъолияти муовинати таълим ва иҷрои корҳои методӣ” ҳисобот дода, муваффақият ва камбудиҳои дар ин самт ҷойдоштаро мавриди баррасӣ ва пешниҳоди аъзои Шурои олимон гардонид.
Оид ба ҳолати омодагӣ ба давраи тирамоҳу зимистонгузаронии соли таҳсили 2023-2024 муовини ректор оид ба корҳои маъмурӣ ва хоҷагидорӣ Камолов Д.Ғ. маълумот дод.
Вазъи таъмини ҲПО ва донишҷӯёни донишгоҳ бо хобгоҳ ва манзилҳои иҷоравиро раиси КИКК ва Д. Раҳимов Х.С. мавриди баррасӣ қарор дода, иҷро гардидани дархостҳои донишҷӯён ва омӯзгорон бо хобгоҳ ва манзили истиқоматиро мусбат арзёбӣ намуд.
Дар масъалаҳои гуногун як қатор қарорҳои Шурои олимон қабул гардида, ҳамзамон, аз ҷониби Раиси Шуро беҳтару хубтар ба роҳ мондани фаъолияти донишгоҳ таъкид карда шуд.
Дар ҷамъбаст, Раиси Шуро дар ду ҷилд бо хати криллӣ нашр гардидани китоби “Захираи Хоразмшоҳӣ”-и Исмоил Ҷурҷонӣ, ки фармоишгари он худи донишгоҳ ба ҳисоб мерафт, хушхабар дода, изҳор дошт, ки ин китоби нодир дар доираи иҷрои нақшаҳои бахшида ба 35-умин солгарди Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва 10-солагии ДДТХ ба нашр расонида шуд.
Хабарнигори сомона.