Скачать шаблон Joomla с JooMix.org
Friday, 20 October 2023 00:00

ИШТИРОКИ РЕКТОРИ ДДТХ ДАР САФАРИ ШИНОСОӢ ВА ОМӮЗИШӢ АЗ НИЗОМИ ТАНДУРУСТИИ ОЛМОН

Бо мақсади шиносоӣ ва омӯзиш аз низоми тандурустии Олмон аз санаи 7-ум то 16-уми октябри соли 2023 бо роҳбарии Вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон - Абдуллозода Ҷ.А. гурӯҳи корӣ, иборат аз мутахассисон ва коршиносон ба шаҳри Берлини Ҷумҳурии Федеративии Олмон сафар намуданд. Аз Донишгоҳи давлатии тиббии Хатлон Ректори донишгоҳ - д.и.т., профессор Убайдулло Қурбон ба гурӯҳи корӣ шомил гардида буд.

Зикр бояд кард, ки сафари омӯзишӣ дар доираи татбиқи «Барномаи рушди тандурустӣ дар Тоҷикистон», ки аз ҷониби Иттиҳоди Аврупо (ИА) ва Вазорати федеративии ҳамкориҳои иқтисодӣ ва рушди Олмон маблағгузорӣ гардидааст ва, ҳамзамон, дар доираи татбиқи лоиҳаи GIZ  «Таъсиси системаи ягонаи ёрии аввалияи тиббию санитарӣ» ташкил карда шуд.

Барномаи сафари омӯзишӣ бо дарназардошти самтҳои асосии Стратегияи солимии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон то соли 2030 таҳия шуда, дар он вохӯриҳо бо масъулини Вазорати тандурустии Олмон ҷиҳати шиносоии гурӯҳи корӣ бо асосҳои ташкили хизматрасонии тиббӣ пешбинӣ шуда буд. Бахусус, дар ин раванд ба масъалаҳои маблағгузорӣ, суғуртаи тиббӣ, ташкили кӯмаки аввалияи тиббию санитарӣ (КАТС), рақамикунонӣ ва расонидани хизматрасонӣ тавассути системаи кунунии ҳамгироӣ дар сатҳи КАТС, аз ҷумла системаи муроҷиатӣ, таваҷҷуҳи хоса зоҳир гардида буд.

 

Шуъбаи равобити байналмилалӣ.

Хондан 270 times

2 comments

Leave a comment

Боварӣ ҳосил намоед, ки маълумоти заруриро (*) ворид созед. Коди HTML иҷозат дода намешавад.

Our partners
 

Тамос бо мо

МТД "Донишгоҳи давлатии тиббии Хатлон"

  • Суроға: н.Данғара, кӯчаи Исмат Шариф - 3
  • Телефон: +992 3312 21034
  • Факс: +992 3312 21035
  • Email: info@khatmedun.tj
  • Шуъбаи таҳлил, назорат ва робита бо ҷомеа: +992 3312 21029

Маводҳои муфид