Рӯзи 14-уми октябри соли 2023 байни гурӯҳҳои 301-302-юми факултети тиббӣ ва 301-302-юми факултети педиатрӣ дарси мубоҳисавӣ аз фанни микробиология дар мавзуи “Антителаҳо” баргузор карда шуд. Мақсад аз баргузории чунин машғулиятҳо дар донишҷӯён ташаккул додани назари интиқодӣ, кори гурӯҳӣ, таҳлилу баррасии мавзуъ, рушд додани рақобати солим мебошад.
Рафти дарсро мудири кафедра Ҷулаев А.С., омӯзгорон Сулаймонзода Ф., Мискинова Ф. назорат намуданд. Сараввал оид ба мавзуи дарс аз тарафи донишҷӯёни гурӯҳҳои мазкур ба тариқи презентатсияҳо ва истифода аз тахтаи синф маълумот дода шуд. Сипас байни гурӯҳҳо тариқи саволу ҷавоб мубоҳиса баргузор гардид. Дар натиҷа маълум гардид, ки вобаста ба мавзуи додашуда донишҷӯёни факултети тиббӣ назар ба педиатрӣ фаъолнокии бештаре нишон доданд.
Сардори гурӯҳи назорати сифати таълими ДДТХ Қурбонов Х.Ш. дарсро ҷамъбаст намуда, қайд карданд, ки баргузории чунин машғулиятҳо барои инкишофи зеҳнии донишҷӯён, ташаккули нутқи шифоҳии онҳо ва муайян намудани маҳорати педагогии омӯзгорон мусоидат хоҳад кард.
Шуъбаи таълим.