Дар кафедраи беҳдошт ва эпидемиология маҳфили илмии донишҷӯён бо номи “Беҳдошти умумӣ” баргузор гардид. Маҳфилро мудири кафедра н.и.т. Насриддинов А.А. ифтитоҳ бахшида, ҳамзамон қайд намуд, ки дар соли таҳсили 2023-2024 ин нахустин ҷамъомади маҳфили мазкур мебошад ва он ба мавзуи “Ғизои солим ва нақши он дар саломатии инсон” бахшида шудааст. Ин беҳуда нест, чунки маҳз ғизои солим дар нигоҳдории тандурустӣ ва солимии инсон нақши боризе дорад.
Донишҷӯи гурӯҳи 405-уми факултети тиббӣ Фузулзода Меҳрона тариқи презентатсия оид ба ғизои солим ва нақши он дар организми инсон далелу маълумотҳои аҷиберо ба ҳозирин пешкаш намуданд. Ҳамзамон намудҳои гуногуни маводи ғизоӣ ва хусусиятҳои шифобахшии онҳо таҳлил карда шуданд. Аъзои маҳфил тибқи қуръакашӣ ба се даста тақсим карда шуданд. Сараввал ба ҳар як даста кроссворд бо саволҳо аз беҳдошти умумӣ пешниҳод карда шуда, барои пур кардани он як дақиқа вақт дода шуд. Ба кроссвордҳои пешниҳодшуда ҳайати доварон баҳо доданд. Сипас ба ҳар як даста саволҳо пешниҳод карда шуданд, ки баъди машврату мубоҳисаҳо як нафар аъзои даста ба саволҳо ҷавоб дод. Ҷавоби ҳар як даста аз ҷониби мудири кафедра баҳогузорӣ карда шуд. Сипас аз ҳар даста як нафарӣ аз даруни зарфе ба воситаи ламскунӣ номи маводи ғизоиро муайян мекарданд ва дар мавриди дуруст муайянкунӣ дар бораи он маълумот медоданд.
Ба ҳамин тариқ, маҳфили нахустин бо як руҳияи болидаи ҳам омӯзгорону ҳам донишҷӯён баргузор гардида, ҳар як аъзои даста барои ҷавобҳои мушаххасу пухта додан саъю талош мекарданд. Дар охир мудири кафедра Насриддинов А.А. маҳфилро ҷамъбаст намуда, аз иштироки фаъолонаи донишҷӯён ва омӯзгорон изҳори қаноатмандӣ намуд.
Шуъбаи таълим.