25-уми майи соли 2023 дар Донишгоҳи давлатии Данғара ҷаласаи васеи Шӯрои ҳамоҳангсозии фаъолияти Мақомоти ҳифзи ҳуқуқи ноҳияи Данғара бо иштироки раиси ноҳияи Данғара муҳтарам Р.И.Хайриддин, прокурори ноҳия Қодирзода Н.Т., Сардори ШВКД дар ноҳияи Данғара Каримзода, Сардори КДАМ-и н. Данғара Қурбонов И.И., ректорони донишгоҳҳо, директорони муассисаиҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ ва миёнаи касбӣ, роҳбарони мақомоту идораҳо баргузор гардид.
Аз Донишгоҳи давлатии тиббии Хатлон дар ҷаласаи мазкур муовини ректор оид ба тарбия ва фарҳанг Қурбонмамадов С.Х., мудири кафедраи фанҳои ҷомеашиносӣ Гулов А.А. ва 20-нафар донишҷӯи фаъоли курси панҷум иштирок карданд.
Дар ҷаласа сардорони мақомоти болозикр дар баробари дигар масъалаҳо, ҳамзамон оид ба терроризму экстремизм суханронӣ карда, қайд намуданд, ки яке аз роҳи асосии шомилшавии ҷавонон ба гурӯҳҳои ифротӣ тавассути шабакаҳои иҷтимоӣ мебошад. Бинобар ин, аз ҷавонон дархост гардид, шабакаҳои иҷтимоӣ ва интернетро танҳо барои ташаккули илму дониши хеш истифода намоянд. Ҷавонон бояд ҳушёрии сиёсиро аз даст надиҳанд ва дар ҳама ҷо исбот кунанд, ки фарзандони фарзонаи миллат мебшанд.
ХАБАРНИГОРИ СОМОНА