Имрӯз яке аз олимони маъруфи соҳаи тандурустии Ҷумҳурии Тоҷикистон, шахси намоён, олими барҷаста, доктори илмҳои тиб,
профессор Каримҷон Пӯлодович ба синни мубораки 70 расиданд.
Ортиқов Каримҷон Пӯлодович 31-уми марти соли 1953 дар шаҳри Конибодоми вилояти Суғд таваллуд шудааст.
Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон ба номи Абӯалӣ ибни Синоро
соли 1976 хатм кардааст.
Ӯ доктори илми тиб(1993), профессор (1995), дорандаи Мукофоти комсомоли Тоҷикистон (1989), Корманди фахрии Тоҷикистон (2003) мебошад.
Фаъолияти кориашро ба ҳайси духтури интерни Беморхонаи клиникии ҷумҳуриявии № 1-и шаҳри Душанбе оғоз намуда, дар солҳои 1976 - 82 ҷарроҳи
беморхонаҳои марказии ноҳияҳои Шаҳритуз ва Куйбишев (ҳоло Абдураҳмони Ҷомӣ) ифои вазифа намудааст.
Ординатураи клиникиро (1982-85) хатм намуда, ҳамчун ассистенти кафедраи ҷарроҳии госпиталии ДДТТ (1985-90) фаъолият менамояд. Докторантураи Маркази илмии умумииттифоқии ҷарроҳии АИТ ИҶШС соли 1993 хатм мекунад. Вазифаҳои пурмаҳсул ва заҳматталаби мудири шуъбаи тадқиқоти таҷрибавӣ дар амалияи ҷарроҳии Маркази илмии ҷарроҳии АИТ Россия, (1993-95), профессори кафедраи ҷарроҳии госпиталии ДДТТ (1995-2001), мудири кафедраи ҷарроҳии тармимӣ ва таҷдидии Донишкадаи такмили ихтисоси кормандони тибби Тоҷикистон (2001-2005), ноиби ректор оид ба табъу нашр (2005-2009), мудири кафедраи бемориҳои ҷарроҳиталаби №2-и ДДТТ (аз соли 2009) бар дӯш доштааст.
Соли 1985 дар заминаи шуъбаи ҷарроҳии раги Беморхонаи клиникии шаҳрии №5 шуъбаи ҷарроҳии тармимӣ ва таҷдидиро ташкил кардааст.
Ортиқов Каримҷон Пӯлодович дорои чандин мақолаю монография буда, шогирдони зиёдро ба воя расонидааст.
Ҳамагон хуб медонанд, ки саҳми Каримҷон Пӯлодович дар таълим, тарбия ва ба камол расонидани шогирдони сершумор бениҳоят бузург аст. Хушбахтона, имрӯзҳо дар қаламрави мамлакат фаъолияти ин марди хаирад дар соҳаи таълим ва тарбияи кадрҳои ҷавони тиббӣ чашмрас аст, ки нафъи он ба рушду густариши тиб, илму маориф ва сиёсати иҷтимоиву фарҳангии ҷомеаи навини мо равона гардидааст.
Раёсат, ҳайати профессорон ва омӯзгорони Донишгоҳи давлатии тиббии Хатлон Каримҷон Пӯлодовичро ба муносибати ҷашни 70 - солагӣ аз самими қалб табрик ва таҳният намуда, барояш рӯзгори хуш, дар тарбияи кадрҳои баландихтисос ва корҳои илмӣ комёбиҳои беназирро таманно мекунанд.
РАЁСАТИ ДДТХ