Скачать шаблон Joomla с JooMix.org
Thursday, 30 March 2023 00:00

БАРГУЗОРИИ ЧОРАБИНИИ ФАРҲАНГӢ БАХШИДА ИДИ НАВРӮЗИ ОЛАМАФРӮЗ

   19 - уми марти соли равон дар Донишгоҳи давлатии тиббии Хатлон бахшида ба рӯзи Наврӯзи оламафрӯз бо иштироки ҳайати профессорону омӯзгорон ва донишҷӯён чорабинии фарҳангии бошукуҳу шаҳомат баргузор гардид.

      Сараввал, муовини ректор оид ба таълим н.и.с. Аҳмадиён Ш.Р. нутқи табрикотии  ректори донишгоҳ д.и.т., профессор Убайдулло Қурбонро қироат карда, иштирокчиёнро ба ифтихори ҷашни Наврӯзи оламафрӯз табрик ва таҳният намуд.

Пас аз табрикот омӯзгорон ва донишҷӯёни фаъоли донишгоҳ - ғолибони озмунҳои донишгоҳӣ, аз ҷумла: донишҷӯи курси дуюми факултети тиббӣ зоирова Г. ғолиби озмуни "Маликаи наврӯзӣ", донишҷӯи курси дуюми факултети тиббӣ Мирзоева Ҳ. ғолиби озмуни "Гулбазми наврӯзӣ", донишҷӯи курси дуюми факултети педиатрӣ Разоқов Ғ. ғолиби озмуни "Анатоми сол" ва мудири кафедраи анатомияи нормалӣ, анатомияи топографӣ ва амалияи ҷарроҳӣ Зарипов И.А., ки ғолиби озмуни "Омӯзгори сол" гардида буданд, бо Ифтихорномаи ректор ва мукофоти пулӣ қадрдонӣ карда шуданд..

    Дар идомаи чорабинӣ композитсияи адабӣ - мусиқӣ ба намоиш гузошта шуд.

   Чорабинӣ аз иҷрои сурудҳои дилнишин, рақсҳои миллии тоҷикӣ ва намоиши либосҳои миллӣ иборат буд.  Дастаи ҳунарии «Дурахшон»-и ДДТХ бо ҳунарнамоии хеш дилҳои ҳозиринро  шод намуданд.

    Дар анҷоми чорабинии фарҳангӣ муовини ректор оид ба таълим  Аҳмадиён Ш.Р. ба ташкилкунандагон ва таҳиягарони барномаи фарҳангӣ - адабӣ барои дар сатҳи баланд баргузор намудани чорабинии мазкур изҳори ташаккур намуд.

ХАБАРНИГОРИ СОМОНА

Хондан 239 times Last modified on Wednesday, 27 December 2023 07:57

Leave a comment

Боварӣ ҳосил намоед, ки маълумоти заруриро (*) ворид созед. Коди HTML иҷозат дода намешавад.

Our partners
 

Тамос бо мо

МТД "Донишгоҳи давлатии тиббии Хатлон"

  • Суроға: н.Данғара, кӯчаи Исмат Шариф - 3
  • Телефон: +992 3312 21034
  • Факс: +992 3312 21035
  • Email: info@khatmedun.tj
  • Шуъбаи таҳлил, назорат ва робита бо ҷомеа: +992 3312 21029

Маводҳои муфид