17-уми марти соли равон дар Донишгоҳи давлатии тиббии Хатлон олимпиадаи дохилидонишгоҳӣ аз фанњои физика, математика ва информатика баргузор гардид. Дар олимпиада аз фанни физика 33 нафар, математика 18 нафар ва информатика 7 нафар донишҷӯ иштирок намуданд.
Аз натиҷаи олимпиада маълум гардид, ки аз фанни физика донишҷӯи курси якуми факултети стоматологӣ Ёрова Э. ҷойи якум, донишҷӯи курси якуми факултети тиббӣ С.Ҳабибулло ҷойи дуюм ва донишҷӯи курси якуми факултети тиббӣ Худойқулов Б. ҷойи сеюмро ишғол намуданд.
Аз фанни математика Набиев Ш. - донишҷӯи курси дуюми факултети педиатрӣ ҷойи якум, Тураев Н. - донишҷӯи курси якуми факултети тиббӣ ҷойи дуюм ва Тоҷиев Ҳ. – донишҷӯи курси якуми факултети тиббӣ ҷойи сеюмро сазовор гардиданд.
Аз фанни информатика донишҷӯи курси шашуми факултети тиббӣ Юлдошев А. ҷойи якум, донишҷӯи курси якуми факултети тиббӣ Юсуфзода Ш. ҷойи дуюм ва донишҷӯи курси якуми факултети педиатрӣ Домуллоев Ф. ҷойи сеюмро ба даст оварданд.
Раёсати донишгоҳ, ҳайати профессорону омӯзгорон ва донишҷӯён ғолибони олимпиадаи донишгоҳиро табрики таҳният намуда, барои иштироки онҳо дар даврҳои минбаъдаи олимпиадаҳои фаннӣ комёбиҳои бузург таманно менамоянд.
ХАБАРНИГОРИ СОМОНА