Санаи 17-уми марти соли равон дар кафедраи физиологияи нормалӣ ва патологӣ маҳфили “Физиологҳои ҷавон” баргузор гардид. Аз рӯи нақшаи маҳфил гурӯҳи “Гастроэнтерологҳо” дар мавзуи “Асосҳои физиологияи ҳозима” маърӯза карданд. Сипас донишҷӯи курси дуюми факултети педиатрӣ Разоқов Ғ. маърӯза кард. Пас аз шунидани маърӯзаҳо барои мустаҳкамкунии дониши иштирокчиён донишҷӯёни курси сеюми факултети педиатрӣ Ваҳобов С., Ҷураев Э. ва донишҷӯи курси дуюми факултети мазкур Исломова З. викторина ва саволу ҷавоби интерактивӣ гузарониданд. Иштирокчиён дар якҷоягӣ бо гурӯҳашон супоришҳоро фаъолона иҷро карда, ба саволҳои додашуда ҷавоб гардониданд.
Ҳамзамон, донишҷӯи курси 2-юми факултети педиатрӣ Камолова М. викторина ва саволу ҷавоби клиникӣ дар мавзуи дилу рагҳо гузаронид. Дар викторина сардорони ҳамаи гурӯҳҳо фаъолона иштирок карда, мубодилаи афкор намуданд.
Мудири кафедраи физиологияи нормалӣ ва патологӣ Назаров Ҷ.Т. натиҷаи викторинаро эълон кард. Натиҷаи беҳтарин гурӯҳи “Пулмонологҳо” нишон доданд.
ХАБАРНИГОРИ СОМОНА