Аз 13-ум то 15-уми марти соли 2023 бо ибтикори Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон дар толори китобхонаи Донишкадаи ҷумҳуриявии такмили ихтисос ва бозомӯзии кормандони соҳаи маориф бо намояндагони марказҳои матбуотии муассисаҳои зертобеи вазорат ва муассисаҳои олии касбӣ дар мавзуи “Инъикоси фаъолияти соҳаи маориф дар интернет” семинари омӯзишӣ баргузор гардид.
Дар семинар 25 намояндаи марказҳои матбуотии муассисаҳои зертобеи вазорат ва муассисаҳои олии касбӣ ширкат варзиданд. Аз Донишгоҳи давлатии тиббии Хатлон дар семинари мазкур муҳаррири масъули рӯзномаи “Пайки шифо” ва хабарнигори сомонаи донишгоҳ Ошурмаҳмади Саркорӣ иштирок намуд.
Дар семинар оид ба мавзуъҳои "Саводи расонаӣ", "Омода сохтани мавод барои нашр ва гузоштани он дар саҳифаи иҷтимоӣ", "Пешгирии забони адоват" мутахассиси варзидаи технологияи информатсионӣ - Рустам Гулов, рӯзноманигори шинохта - Раҷаб Мирзо ва доктори илмҳои филологӣ Қутбиддин Мухторӣ барои иштирокчиён аз баъзе нозукиҳои касби рӯзноманигорӣ маълумот доданд.
Семинар се рӯз идома ёфта, ҳадафи он аз инъикоси соҳаи маориф дар воситаҳои ахбори омма, баланд бардоштани малака, маҳорат ва дониши блогерони ҷавон оид ба саводи расонаӣ, санҷиши маводи иттилоотӣ, бехатарии рақамӣ, пешгирии забони адоват, одобу ахлоқ дар шабакаҳои иҷтимоӣ ва пешбурди саҳифаи иҷтимоӣ иборат буд.
ХАБАРНИГОРИ СОМОНА