Биё, Наврӯз!
Марҳабо!
Ба диёри Данғара!
Ба Донишгоҳи давлатии тиббии Хатлон!
Ба хоки поки Тоҷикистон!
Ба куҳанбунёд буданат нигоҳ накарда, ҳар сол бо либоси нав зоҳир мегардӣ, тоқии Бадахшон, чакани Хатлон, атласи суғдиён, нишон аз Ориён, ваҳдати тоҷикон туӣ, Наврӯз!
Мисли дилҳои кӯдакон софӣ, покӣ, беолоишӣ! Мисли модарон пурмеҳрӣ, мисли дилбарон нозукӣ, мисли забони тоҷикон гӯшнавозӣ! Мисли майи куҳансол дилҳоро ба ҷӯш меорӣ!
Ту будӣ, ки бо забон дар якҷоягӣ халқи тоҷикро аз нестшавӣ нигоҳ доштӣ, аз душман ҳифз кардӣ, мисли мурғи Самандар пас аз ҳар сӯхтан эҳё шудӣ ва мисли хоҷаи Хизр дар ҳар давру замон бо инсон мондӣ!
Фалсафаи хоси ту баробарӣ, бародарӣ ва ҳамдилӣ зебогӣ, покӣ, аст. Бо баробар будани шабу рӯз нишон медиҳӣ, инсон аз ҳамдигар тафовуте надорад, на дар нажоду миллат, на дар дину мазҳаб, на дар дороиву нодорӣ, на дар дарвешиву подшоҳӣ. Рӯзе баробар хоҳем шуд.
Тадриҷан дарозшавии рӯзи равшан ва кӯтоҳ шудани шаби торик нишонаи ғалабаи некӣ бар бадист!
Бо ҳусну тароват ва зебогии хеш меомӯзӣ, ки пок, зебо, бовиҷдон, баномус, беғараз, баимон ва самимӣ бошем.
Насими фораме, ки аз ҷониби ту мевазад, басо гуворост, аё Наврӯз! Насими форамат ҳамеша пайки хуш, навид, хабари хуш, ва паёми нек меорад!
Биё, Наврӯз ва бо чашми худ бубин, ки мо дар донишгоҳ чи гуна туро истиқбол мегирем! Кафкӯбиҳои осмонкафи омӯзгорону донишҷӯён, рақси мавзуни гулдухтарон, барномаи консертии дастаи ҳаваскорони “Дурахшон” нисорат бод!
Биё, мо фалсафаи туро, зебогии туро, покизагии туро дӯст медорем ва мепарастем!
Биё, Наврӯз!
Марҳабо!
Ба диёри Данғара!
Ба Донишгоҳи давлатии тиббии Хатлон!
Ба хоки поки Тоҷикистон!
ОШУРМАҲМАДИ САРКОРӢ,
ХАБАРНИГОРИ СОМОНА