Чоп намудани матн
Панҷшанбе, 16 Март 2023 00:00

ОЗМУНИ “ГУЛБАЗМИ НАВРӮЗӢ” ДАР ДДТХ

Дар асоси нақша-чорабиниҳои раёсати донишгоҳ оид ба гузаронидани идҳои баҳорӣ 14-уми марти соли равон бахшида ба иди байналмилалии Наврӯз дар Донишгоҳи давлатии тиббии Хатлон озмуни “Гулбазми наврӯзӣ” баргузор гардид.

Озмуни мазкур аз панҷ шарт - “Табрикоти наврӯзӣ”, “Қироати шеър дар васфи наврӯз”, “Рақси гул”, “Суруд бе фонограма дар васфи баҳор” ва байтбараки “Гул” иборат буд.

Донишҷӯи курси дуюми факултети тиббӣ  - Мирзоева Ҳ.. ҳамаи шартҳои озмунро сарбаландона паси сар намуд ва ҳайати ҳакамон номбурдаро сазовори ҷойи якум донистанд.

Раёсати донишгоҳ, ҳайати профессорону омӯзгорон ва донишҷӯён Мирзоева Ҳ.-ро барои ишғоли ҷойи аввал дар озмуни донишгоҳии “Гулбазми наврӯзӣ” табрику таҳният намуда, дар корҳои ояндааш комёбиҳои бузургро орзу менамояд.

ХАБАРНИГОРИ СОМОНА

Хондан 192 times Last modified on Панҷшанбе, 16 Март 2023 13:19
We use cookies to improve our website. By continuing to use this website, you are giving consent to cookies being used. More details…

Joomla! Debug Console

Session

Profile Information

Memory Usage

Database Queries