Чоп намудани матн
Панҷшанбе, 16 Март 2023 00:00

ПИРӮЗИИ НАВБАТӢ ДАР ОНЛАЙНИ ОЛИМПИДАИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ДАР ШАҲРИ БУХОРО

10 - уми марти соли 2023 дар Донишкадаи давлатии тиббии Бухоро ба номи Абӯалӣ ибни Сино онлайн Олимпидаи III-юми  байналмилалии  донишҷӯёни донишкадаҳои олии тиб  “От учения Абуали ибни Сино до третьего Ренессанса” баргузор гардид.

Аз Донишгоҳи давлатии тиббии Хатлон дар олимпиадаи мазкур 25 нафар   донишҷӯ иштирок намуданд, ки  3 нафар - ҷойи якум, 2 нафар - ҷойи сеюм ва 2 нафарашон сазовори  ҷойи ифтихорӣ гардиданд.

Аз ҷумла, Ахмедов Б.Т. - донишҷӯи курси 5-уми  факултети тиббӣ  дар номинатсияи «Травматология ва ортопедия», Шарипов П.А. -донишҷӯи курси сеюми факултети педиатрӣ дар номинатсияи “Физиология” ва Эргашев И.З. - донишҷӯи курси чоруми факултети педиатрӣ дар номинатсияи “Физиологияи патологӣ” сазовори ҷойи якум гардиданд.

Донишҷӯи курси шашуми факултети тиббӣ Шодизода С. дар номинатсияи “Бемориҳои сироятӣ ва эпидемиология” ва донишҷӯи курси панҷуми факултети тиббӣ Ошурбекова Ф.Қ. дар номинатсияи “Гинекология ва акушерӣ” ҷойи сеюмро ишғол намуданд.

Ҳамзамон, дар номинатсияи “Презентатсияи беҳтарин” донишҷӯи курси панҷуми факултети тиббӣ Солиева С.Ф. ва донишҷӯи курси шашуми факултети педиатрӣ Бобоев Б.  ҷойи ифтихориро ба даст оварданд.

Раёсат, ҳайати профессорону омӯзгорон ва донишҷӯёни ДДТХ ғолибони олимпиадаро табрик ва таҳният намуда, барояшон комёбиҳои беназир хоҳонанд.

ХАБАРНИГОРИ СОМОНА 

Хондан 102 times Last modified on Ҷумъа, 17 Март 2023 09:48
We use cookies to improve our website. By continuing to use this website, you are giving consent to cookies being used. More details…

Joomla! Debug Console

Session

Profile Information

Memory Usage

Database Queries