24 - уми феврали соли 2023 дар Донишгоҳи давлатии тиббии Хатлон ҷаласаи Шӯрои олимон баргузор гардид. Тибқи рӯзнома дар ҷаласаи мазкур масоили татбиқи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд дар Ҷумҳурии Тоҷикистон”, амалишавии “Стратегияи рушди ДДТХ барои солҳои 2022-2026” дар соли 2022 ва фаъолияти бахши назорати сифати таҳсилот дар нимсолаи аввали соли таҳсили 2022-2023 мавриди баррасӣ ва муҳокима қарор гирифт.
Сараввал, ректори Донишгоҳи давлатии тиббии Хатлон д.и.т., профессор Убайдулло Қурбон ҳайати профессорону омӯзгорон ва меҳмонон - кормандони нашрияи “Пайк”-ро ба ифтихори 30-солагии таъсисёбии Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва идҳои баҳории дар пешистода табрику таҳният гуфта, барои кори пурмашаққат ва заҳматталабашон изҳори миннатдорӣ намуданд ва барояшон дар корҳои оянда комёбиҳои беназир таманно доштанд.
Сипас, муовини ректор оид ба таълим, н.и.с. Аҳмадиён Ш.Р. ҳайати кормандони нашрияи “Пайк”-ро, ки барои тақдими ҷоизаи “Ректори сол” ба ДДТХ ташриф оварда буданд, бо профессорону омӯзгорони донишгоҳ шинос намуд. Ҷоизаи “Ректори сол” аз ҷониби сармуҳаррири нашрияи “Пайк” Аҳмад Иброҳим ба ректори Донишгоҳи давлатии тиббии Хатлон муҳтарам Убайдулло Қурбон дар фазои тантанавӣ тақдим гардид.
Аҳмади Иброҳим зимни суханрониаш қайд намуд, ки ҷоизаи мазкур аз ҷониби кормандони нашрияи “Пайк”, ягон мақомот ё ниҳоди давлатӣ ва ташкилоти хориҷӣ пешниҳод нагардидааст. Он сирф тибқи овоздиҳии мардум ба даст омадааст ва муҳтарам Убайдулло Қурбон, бешубҳа ба он сазовор мебошад. Ман низ самимона ректори муҳтарамро табрик менамоям ва барояшон муваффақияту комёбиҳои беназир таманно менамоям - афзуд Аҳмади Иброҳим.
Иштироккунандагони ҷаласа низ бо кафкӯбиҳои пурмавҷ қаноатмандӣ ва шодмонии хешро барои чунин дастовард, ки навиди аввали баҳорӣ барои Донишгоҳи давлатии тиббии Хатлон мебошад, изҳор намуданд.
Дар идомаи ҷаласа муовини ректор оид ба тарбия ва фарҳанг н.и.ф. Қурбонмамадов С.Х. оид ба татбиқи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд дар Ҷумҳурии Тоҷикистон” маълумот дод. Қайд гардид, ки кураторони гурӯҳҳо бо волидайни донишҷӯён пайваста дар робита ва ҳамкорӣ қарор дошта, оид ба давомоти нокифояи донишҷӯ, дарсазхудкунӣ, вайрон намудани қоидаҳои донишҷӯӣ, шароити зисту зиндагонӣ, хориҷ ва барқарор гардидан, қарздорӣ аз санҷишҳо, супорида натавонистани имтиҳонҳои ҷорӣ, вазъи саломатӣ, дастовардҳо ва натиҷаҳои хуби донишҷӯ пайваста суҳбатҳо доир менамоянд.
Ҳамзамон, муовини ректор оид ба таълим, н.и.с. Аҳмадиён Ш.Р. доир ба амалишавии “Стратегияи рушди ДДТХ барои солҳои 2022-2026” дар соли 2022 қайд намуд, ки бо мақсади фароҳам овардани шароити мусоид барои ба роҳ мондани раванди босифати таълим, ба вуҷуд овардани базаи пурқуввати моддию техникӣ, таҳияи барномаҳои таълимии муосир, дастрас будани китобу дастурҳои илмиву таълимӣ, таҷҳизоти зарурии таълимиву озмоишӣ барои тайёр кардани кадрҳои баландихтисоси тиббӣ ва ҳамзамон баланд бардоштани маоши омӯзгорон бо қарори Шӯрои олимони ДДТХ аз 30 - юми апрели соли 2022 «Стратегияи рушди ДДТХ барои солҳои 2022 - 2026» қабул гардидааст. Ҳамчун давра ба давра зиёд намудани маблағгузории Донишгоҳ аз ҳисоби буҷети давлатӣ ва ҷалби маблағҳои хусусӣ, сарпарастон, грантҳо ва дигар сарчашмаҳои ғайрибуҷавӣ низ аз ҳадафҳои асосии Стратегия ба ҳисоб мераванд.
Сардори бахши гурӯҳи назорати сифати таҳсилот Қурбонов Х.Ш. қайд намуд, ки омӯзгорони кафедраҳои ДДТХ барои дар сатҳи баланд гузаронидани машғулиятҳо аз айёниятҳо ва воситаҳои муосири техникӣ истифода мебаранд.Тамоми кафедраҳои донишгоҳ вобаста ба имконият бо тахтаи электронӣ ва проекторҳои мултимедӣ таъминанд. Ҳамзамон, вобаста ба имконият тамоми донишҷӯён аз махзани китобхонаи электронии донишгоҳ истифода мебаранд.
Барои баланд бардоштани сатҳу сифати таълим ба ҳамаи омӯзгорони кафедраҳо истифодаи методи фаъоли таълим ба монанди усули интерактивӣ тавсия дода шудааст. Қайд кардан ба маврид аст, ки бо пешниҳоди муовинати таълим аз ҷониби бахши назорати сифати таҳсилот дастури методӣ оид ба “Усулҳои фаъоли таълим” мураттаб гардида, барои нашр пешниҳод шудааст. Дастури методии мазкур дар баланд бардоштани сифати таълим барои омӯзгорон роҳнамо шуда метавонад. Яке аз усулҳои самараноки санҷиши сифати таълим гузаронидани мониторинг мебошад. Дар ДДТХ давоми ҳар семестр ду маротиба мониторинги сифати таълим гузаронида мешавад.
Дар идомаи ҷаласа масъалаҳои гуногун, аз ҷумла Қарорҳои Шӯрои олимон “Дар бораи ҷуброн намудани маблағи таҳсил ва додани дипломи хатм ” ва “Дар бораи тасдиқи нақшаи чорабиниҳо оид ба корҳои омодагӣ, бахшида ба ифтитоҳи Бинои асосии Донишгоҳи давлатии тиббии Хатлон ва таҷлили «Рӯзи Дониш»” тасдиқ гардиданд.
Ректори донишгоҳ, муҳтарам Убайдулло Қурбон масъалаҳои дар боло зикргардидаро мавриди таҳлили амиқ қарор дода, бо мақсади рафъи камбудиҳо ва боз ҳам пурзӯр намудани кору фаъолият ба шахсони масъул супоришҳои мушаххас доданд.
ХАБАРНИГОРИ СОМОНА