28 - уми январи соли 2023 омӯзгори кафедраи фанҳои ҷомеашиносӣ Давлатова Гулрухсор Маҳмадраҷабовна рисолаи номзадиашро дар назди Шӯрои диссертатсионии Донишгоҳи аграрии Тоҷикистон ба номи Шириншоҳ Шоҳтемур дар мавзуи “Такмили усулҳо ва воситаҳои сармоягузории қарзӣ дар корхонаҳои кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон” (дар мисоли корхонаҳои кишоварзии вилояти Хатлон) аз рӯйи ихтисоси 08.00.04.02 - Иқтисодиёти комплекси агросаноатӣ сарбаландона ҳимоя кард.
Раёсати ДДТХ, ҳайати профессорону омӯзгорон ва донишҷӯён Давлатова Г.М.-ро барои дастоварди арзишманди илмӣ аз самими қалб табрику таҳният намуда, таманнои онро доранд, ки номбурда дар оянда қуллаҳои баландтарини илмро фатҳ кунад.
РАЁСАТИ ДДТХ