Чоп намудани матн
Чоршанбе, 01 Феврал 2023 00:00

БАРГУЗОРИИ ҶАЛАСАИ ШӮРОИ ОЛИМОН

           28-уми январи соли 2023 ҷаласаи Шӯрои олимони Донишгоҳи давлатии тиббии Хатлон баргузор гардид. Тибқи рӯзнома дар ҷаласаи мазкур масоили фаъолияти муовинати илм ва нашрия дар соли таҳсили 2021-2022, истифодаи сметаи даромад ва хароҷоти донишгоҳ дар соли 2022, фаъолияти муовинати маъмурӣ-хоҷагӣ дар соли 2022 мавриди баррасӣ ва муҳокима қарор гирифт.

            Сараввал, ректори Донишгоҳи давлатии тиббии Хатлон           д.и.т., профессор Убайдулло Қурбон мудири кафедраи фанҳои ҷомеашиносӣ Гулов А.А. ва мудири кафедраи анатомияи нормалӣ, анатомияи топографӣ ва амалияи ҷарроҳӣ Зарипов И.А.-ро ба муносибати ҷашни 55-солагиашон табрик намуданд. Қайд гардид, ки омӯзгорони мазкур аз аввали таъсисёбии ДДТХ фаъолият намуда, дар таълиму тарбияи донишҷӯён ва пешрафти донишгоҳ саҳми арзандаи хешро гузоштаанд.

 Сипас, муовини ректор оид ба илм ва нашрия, номзади илмҳои тиб Боронов Ҳ.А. оид ба дастовардҳои илмии устодон ва донишҷӯён дар соли таҳсили 2021 - 2022 маълумот дод.

Зикр гардид, ки  дар ин давра корҳои илмӣ - тадқиқотӣ аз ҷониби кафедраҳои донишгоҳ таҳким ёфта, дар маҷмуъ олимони донишгоҳ 469 таълифоти  илмӣ, аз ҷумла, 81 мақола ва 370 фишурда нашр шуда, 11 пешниҳоди ратсионализаторӣ, 1 ихтироъ  ва  6 васоити таълимӣ ба таҳия гардиданд.

Яке аз чорабиниҳои асосии ин давра гузаронидани  Конференсияи  байналмилалии илмӣ - амалии ДДТХ (сеюми солона) дар мавзуи “Масъалаҳои мубрами тиб: мушкилот ва ҳалли онҳобахшида ба 30-солагии Иҷлосияи 16-уми Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад. Дар конференсияи мазкур 111 маърӯза шунида шуданд.  Мавод дар шакли маҷмуи асарҳои илмӣ бо фарогирии 700 адад, аз ҷумла, 363 фишурда аз ДДТХ ва 327 фишурдаву 10 мақола аз дигар муассисаҳои илмиву донишгоҳҳо пешниҳод ва нашр гардиданд.

            Дар идомаи ҷаласа муовини ректор оид ба хоҷагӣ-маъмурӣ Камолов Д. оид ба фаъолияти муовинати мазкур дар соли 2022 маълумот дод. Қайд гардид, ки вазифаи асосии муовинат ба танзим даровардани шароити корӣ дар биноҳои маъмурӣ, таълимӣ, хобгоҳ ва дигар пойгоҳҳои фаъолияткунандаи донишгоҳ ба ҳисоб рафта, тамоми таваҷҷуҳ ба татбиқи вазифаҳои гузошташуда ва дар ҳолати хуби корӣ бо риояи меъёрҳои муқарраршуда нигоҳ доштани иншооти мавҷуда равона гардидааст. Ин раванд имкон медиҳад, ки сифати кори кормандон ба таври доимӣ зери назорат қарор гирифта, сатҳу сифати хизматрасонӣ ва ободонию кабудизоркунии гирду атрофи биноҳо рӯз аз рӯз беҳтар гардонида мешавад.  

Аз ҷониби кормандони бахши хоҷагӣ дар қитъаҳои замини саҳни ҳавлии донишгоҳ давоми соли 2022 дар  кӯчаи Исмат Шариф гулҳои мавсимӣ 1100 адад, гулҳои садбарг 100 адад, дарахтони сояафкан 70 адад ва дар  кӯчаи Бинокорон бошад 25 дарахтони ороишӣ, 4000 гулҳои мавсимӣ, 210 адад гулҳои садбарг, 50 адад  дарахтони сояафкан  шинонда шуда, инчунин тақрибан 1000 адад кучати гули садбарг шинонида шудаанд. Дар маҷмуъ  давоми соли соли 2022  дар қитъаҳои замини назди иншоотҳои ДДТХ дарахтони сояафкан 120 адад, гулу гулбуттаҳои мавсимӣ 5100 адад, гули садбарг 310 адад 1000 адад кучати гули садбарг шинонида шуданд.

Муовинати маъмурӣ-хоҷагӣ ҷиҳати татбиқи амалии нақшаю вазифаҳои гузошташуда ва беҳтар ба роҳ мондани корҳо дар самти ободонию кабудизоркунии донишгоҳ, истифодаи тамоми имкониятҳои мавҷударо ба роҳ монда  истодааст.

            Ҳамзамон, дар ҷаласа сармуҳосиби донишгоҳ Шарипов Ғ.  оид ба истифодаи сметаи даромад ва хароҷоти ДДТХ дар соли 2022 маълумот дод.

Ректори донишгоҳ, муҳтарам Убайдулло Қурбон масъалаҳои дар боло зикргардидаро мавриди таҳлили амиқ қарор дода, бо мақсади рафъи камбудиҳо ва боз ҳам пурзӯр намудани кору фаъолият ба шахсони масъул супоришҳои мушаххас доданд.

ХАБАРНИГОРИ СОМОНА

Хондан 198 times
We use cookies to improve our website. By continuing to use this website, you are giving consent to cookies being used. More details…

Joomla! Debug Console

Session

Profile Information

Memory Usage

Database Queries