Тибқи супориши Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва мактуби Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон масъалаи омӯзиши ҳатмии китоби “Тоҷикон”-и Бобоҷон Ғафуров аз ҷониби хизматчиёни давлатӣ ва дигар қишрҳои ҷомеа дар Шӯрои олимони Донишгоҳи давлатии тиббии Хатлон мавриди баррасӣ қарор гирифт.
Аз ҷониби муовинати тарбия ва фарҳанг барои омӯзиши дастҷамъонаи китоби мазкур нақша - чорабиниҳо таҳия гардид.
19 - уми январи соли 2023 бо иштироки ҳайати профессорону омӯзгорон ва кормандони донишгоҳ силсиласеминари омӯзишӣ оид аҳамият ва асолати китоби “Тоҷикон”-и Бобоҷон Ғафуров ба кори худ оғоз намуд. Муовини ректор оид ба тарбия ва фарҳанг Қурбонмамадов С.Х. семинарро ҳусни оғоз бахшида, оид ба аҳамияти ин китоби гаронарзиш ва шиносномаи миллат маълумоти мухтасар дод. Қайд гардид, ки семинарҳо барои омӯзиши китоби “Тоҷикон”-и Б.Ғафуров то 15-уми феврали соли равон идома ёфта, ҳар рӯз як боби китоби мазкур мавриди баррасӣ ва таҳлил қарор мегирад.
Дар идомаи семинар мудири кафедраи фанҳои ҷомеашиносӣ Гулов А.А. оид ба боби якуми фасли якуми китоби “Тоҷикон” - “Сохти ҷамоати ибтидоӣ ва заволи он дар сарзамини Осиёи Миёна” маълумоти муфассал дод.
Рӯзи 22 - юми январ семинари мазкур кори худро идома дод. Дар ин рӯз мудири кафедраи бемориҳои сироятӣ ва дерматовенерология Исоева Б.И. оид ба боби дуюми фасли якуми китоб - “Тоифаҳои шарқиэронии Осиёи Миёна дар оғози пайдоиши ҷамъияти синфии ибтидоӣ” маълумот дод. Қайд гардид, ки тоҷикон аз қадимулайём маданияти баланд доштанд ва китоби муқаддаси Авесто яке аз ёдгориҳои беназири халқи тоҷик мебошад.
23-юми январ Мурод Бозор - омӯзгори кафедраи фанҳои ҷомеашиносӣ дар мавзуи “Таърихи сиёсии Осиёи Миёна дар асри VI - ибтидои асри V пеш аз милод” маърӯза кард.
Хотирнишон месозем, ки семинарҳо ҳафтаҳои оянда низ барои омӯзиши китоби “Тоҷикон”-и Бобоҷон Ғафуров идома меёбанд.
ХАБАРНИГОРИ СОМОНА