24 декабри соли ҷорӣ дар Донишгоҳи давлатии тиббии Хатлон ҷаласаи навбатии Шӯрои олимони донишгоҳ баргузор гардид.
Дар ҷаласа тибқи рӯзнома масоили омодагии кафедраҳо, деканати факултетҳо ва шуъбаи таълим ба имтиҳонҳои сессияи зимистонаи соли таҳсили 2022-2023, фаъолияти солонаи шуъбаи равобити байналмилалӣ дар соли 2022 ва фаъолияти Донишгоҳи давлатии тиббии Хатлон дар соли 2022 мавриди баррасӣ ва муҳокима қарор гирифтанд.
Тибқи иттилои сардори шуъбаи таълим Ғафуров Б.А. дар асоси нақшаи таълимӣ дар маҷмуъ аз курси якум то шашуми ҳамаи факултетҳо 45 имтиҳон муқаррар карда шудааст, ки 22 имтиҳон дар курсҳои чорум, панҷум ва шашум аз рӯи ҷадвали сиклӣ, баъд аз ба анҷомрасии дарсҳо дар муҳлати муайяншуда гирифта шуда истодаанд ва 23 имтиҳони боқимонда мувофиқи нақша дар сессияи зимистона гирифта мешаванд.
Сардори шуъбаи равобити байналмилалӣ Назаров Р.И. қайд намуд, ки айни замон дар ДДТХ 4 нафар донишҷӯи хориҷӣ аз ҷумла, 3 нафар аз Ҷумҳурии Қазокистон ва 1 нафар аз Ҷумҳурии Мардумии Чин таҳсил намуда истодаанд.
Аз моҳи майи соли равон 8 нафар омӯзгори ДДТХ барои иштирок дар конференсия, бастани шартномаи дутарафа ва табодули таҷриба бо донишгоҳҳои хориҷи кишвар, аз ҷумла Донишгоҳи миллии Қазоқистон ба номи Ал-Фороби, Донишгоҳи миллии тиббии Қазоқистон ба номи С.Д. Асфендияров, Донишгоҳи Павияи Итолиё, Донишгоҳи Фрайбурги Олмон ва Донишгоҳи тиббии Софияи Ҷумҳурии Булғористон сафари хидматӣ доштанд.
Дар идомаи ҷаласа масъалаҳои гуногун, аз ҷумла мавзуи рисолаи номзадии унвонҷӯи кафедраи фанҳои ҷарроҳии №2-и ДДТХ - Раҳмонов С. У. таҳти роҳбарии Бустонов М. О. тасдиқ гардида, Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мавриди баррасӣ қарор гирифт.
Ректори донишгоҳ д.и.т., профессор Убайдулло Қурбон ҷаласаро ҷамъбаст намуда, доир ба масъалаҳои рӯзнома фикру андешаҳои худро иброз доштанд ва ба масъулини сохторҳои марбута супоришҳои мушаххас доданд.
ХАБАРНИГОРИ СОМОНА