Скачать шаблон Joomla с JooMix.org
Панҷшанбе, 22 Декабр 2022 00:00

ҒОЛИБОН МУАЙЯН ГАРДИДАНД

16 - уми декабри соли 2022 дар Донишкадаи давлатии тиббии Самарқанд  III - юмин Олимпидаи байналмилалии донишҷӯёни донишкадаҳои олии тиббӣ “Самарқанд - 2020” аз рӯи  34 фанни клиникӣ ва заминавӣ баргузор гардид. 

Бо даъвати Донишкадаи мазкур донишҷӯёни Донишгоҳи давлатии тиббии Хатлон низ дар олимпиада ширкат варзиданд.

Бояд қайд намуд, ки озмун аз 2 марҳила - тестӣ (30 савол) ва шифоҳӣ (3 савол) аз малакаҳои амалӣ иборат буд.

 Озмун дар байни  10 давлати хориҷӣ (Полша, Туркия, Россия, Белоруссия, Украина,  Қазоқистон, Қирғизистон ва Ӯзбекистон) гузаронида шуд, ки 500 нафар донишҷӯён аз 76 донишгоҳи тиббӣ дар он фаъолона иштирок намуданд. 

Аз ДДТХ дар олимпиада 27 нафар   донишҷӯ иштирок намуданд, ки 1 нафар ҷойи дуюм, 1 нафар ҷойи сеюм ва 6 нафар сазовори  ҷойҳои ифтихорӣ гардиданд.

Дар номинатсияи  «Ҷарроҳии кӯдакон»  Сатторова А. П. - донишҷӯи  курси 6-уми факултети тиббӣ  сазовори ҷойи 2-юм, Ҷабборов Ҳ. А. - донишҷӯи  курси 4-уми факултети педиатрӣ сазовори ҷойи 3-юм ва Етмишев М. М. - донишҷӯи  курси 4 - уми факултети  педиатрӣ сазовори ҷойи ифтихорӣ  гардиданд.

Ҳамзамон, Султанов С. А. - донишҷӯи  курси 4-уми факултети тиббӣ аз фанни «офталмология» ва Комилҷони Собир - донишҷӯи  курси 5-уми факултети педиатрӣ аз фанни «невролология» дар номинатсияи “Ҳалли беҳтарини супоришҳои амалӣ”  ҷойҳои ифтихориро ба даст оварданд.

Инчунин, донишҷӯи  курси 4-уми факултети  педиатрӣ Эргашев И. З.  аз фанни «физиологияи патологӣ» дар номинатсияи «Иҷрои беҳтарини малакаҳои амалӣ»,  донишҷӯи  курси 5-уми факултети тиббӣ Исмонов Х. М.  аз фанни «травматология» дар номинатсияи «Тафаккури клиникӣ» ва донишҷӯи  курси 6-уми факултети тиббӣ Ҳ. Суҳроб  аз фанни «офталмология» дар номинатсияи «Муносибати беҳтарини илмӣ дар ҳалли мушкилот» ҷойи ифтихориро ишғол намуданд.

      Раёсати ДДТХ, ҳайати профессорону омӯзгорон ва донишҷӯёни ДДТХ ғолибонро табрику таҳният намуда, барояшон дар таҳсил ва мусобиқаҳои минбаъда комёбӣ хоҳонанд.

ХАБАРНИГОРИ СОМОНА

Хондан 165 times Last modified on Ҷумъа, 23 Декабр 2022 09:20

Leave a comment

Боварӣ ҳосил намоед, ки маълумоти заруриро (*) ворид созед. Коди HTML иҷозат дода намешавад.

Таърихи ДДТХ

Our partners
 

Тамос бо мо

МТД "Донишгоҳи давлатии тиббии Хатлон"

  • Суроға: н.Данғара, кӯчаи Исмат Шариф - 3
  • Телефон: +992 3312 21034
  • Факс: +992 3312 21035
  • Email: info@khatmedun.tj
  • Шуъбаи таҳлил, назорат ва робита бо ҷомеа: +992 3312 21029

Маводҳои муфид