Скачать шаблон Joomla с JooMix.org
Шанбе, 17 Декабр 2022 00:00

БАРГУЗОРИИ КОНФЕРЕНСИЯИ ҶУМҲУРИЯВИИ ИЛМӢ-АМАЛИИ ДДТХ (III-СОЛОНА) ДАР МАВЗУИ “МАСЪАЛАҲОИ МУБРАМИ ТИББИ МУОСИР: МУШКИЛОТ ВА РОҲҲОИ ҲАЛЛИ ОНҲО”

16-уми декабри соли 2022 дар Донишгоҳи давлатии тиббии Хатлон Конференсияи ҷумҳуриявии илмӣ-амалии  ДДТХ (III-солона) дар мавзуи “МАСЪАЛАҲОИ МУБРАМИ ТИББИ МУОСИР: МУШКИЛОТ ВА РОҲҲОИ ҲАЛЛИ ОНҲО” баргузор гардид, ки ба 30-солагии Иҷлосияи XVI-уми Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон бахшида шуда буд.





 

Дар кори конференсияи мазкур ҳайати профессорону омӯзгорон ва донишҷӯёни ДДТХ, олимони саршиноси Ҷумҳурии Тоҷикистон ширкат варзида, маърӯзаҳои пурмуҳтаво карданд.

Ҳамзамон, намояндагон аз воситаҳои ахбори омма дар конференсия ширкат варзида, рафти онро ба навор гирифтанд, бо омӯзгорон ва донишҷӯёни фаъол мусоҳиба оростанд.

Конференсияро ректори Донишгоҳи давлатии тиббии Хатлон, узви вобастаи АМИТ, доктори илмҳои тиб, профессор Убайдулло Қурбон ҳусни ифтитоҳ бахшиданд.  Муҳтарам ректор иштирокчиёнро шодбош гуфта, барояшон дар кори конференсия барору муваффақият орзу намуданд.

 








 

Профессор Убайдулло Қурбон барои аҳли нишаст олимони варзидаи Ҷумҳурии Тоҷикистон, аз ҷумла, Сангинов Ҷумабой Раҳматович - доктори илмҳои тиб., профессори кафедраи онкология, ташхиси шуоӣ ва табобати шуоии Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон ба номи Абӯалӣ ибно Сино, Саидов Абдулманон Саторович - доктори илми фалсафа., профессори ДДТТ,  раиси Кумитаи ҷумҳуриявии иттифоқи касабаи кормандони тандурустӣ ва ҳифзи муҳити иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҳаётзода Нурхон Шариф, раиси Комиссияи олии аттестатсионии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Розиқзода Абдулҳаким Шералӣ, ректори Донишгоҳи давлатии Данғара Шоҳиён Нуралӣ Набот ва дигар олимони намоёнро муаррифӣ намуданд.

        Сипас меҳмонони олиқадр иштироккунандагони конфронсро табрику таҳният намуда, ба фаъолияти  ДДТХ баҳои мусбат доданд. Профессори фахрии ДДТХ Должикова Валентина Андереевна бо суханони пурмуҳтавои хеш барои иштироккунандагони конференсия муваффақият хост.

       Дар ҷаласаи пленарии конференсия профессорони Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон ба номи Абӯалӣ ибни Сино Сангинов Ҷ.Р., Саидов А.С., Қурбонов С.Х., докторони илмҳои тиб Раҳмонов Х.Ҷ., Юлдошев Р.З. маърӯзаҳои пурмуҳтаво карданд.

           Ҳамзамон, аз Донишгоҳи давлатии тиббии Хатлон доктор PhD Норматова М.А. маърӯза кард.

Дар идомаи конференсия ҳаваскорони дастаи “Дурахшон” барномаи ҷолиби таҳиянамудаашро барои иштирокчиёни конференсия пешкаш намуда, табъи онҳоро болида гардониданд.

         Пас аз нисфирӯзӣ конференсия кори худро аз рӯи панҷ бахш - “Ҷарроҳӣ”, “Онкология”, “Фанҳои клиникӣ” (бемориҳои дарунӣ, стоматология, педиатрия), “Фанҳои назариявии тиббӣ” ва “Фанҳои назариявии ғайритиббӣ” идома дод. Дар ҷаласаи сексионӣ дар маҷмуъ, 102 маърӯзаҳои илмӣ шунида шуданд.




Пас аз анҷоми ҷаласаҳои сексионӣ резолютсияи конференсия қабул гардид ва муовинии ректори ДДТХ оид ба илм ва нашрия Боронов А.Ҳ.   барои  иштирокчиёни конференсия изҳори сипос намуд.

ХАБАРНИГОРИ СОМОНА

Хондан 155 times Last modified on Чоршанбе, 21 Декабр 2022 05:46

1 comment

  • Comment Link Gita Душанбе, 15 Январ 2024 04:09 Муаллиф Gita

    Hi there to all, because I am truly eager of reading this blog's post to be updated regularly.
    It includes nice information.

Leave a comment

Боварӣ ҳосил намоед, ки маълумоти заруриро (*) ворид созед. Коди HTML иҷозат дода намешавад.

Таърихи ДДТХ

Our partners
 

Тамос бо мо

МТД "Донишгоҳи давлатии тиббии Хатлон"

  • Суроға: н.Данғара, кӯчаи Исмат Шариф - 3
  • Телефон: +992 3312 21034
  • Факс: +992 3312 21035
  • Email: info@khatmedun.tj
  • Шуъбаи таҳлил, назорат ва робита бо ҷомеа: +992 3312 21029

Маводҳои муфид