26 - уми ноябри соли 2022 дар Донишгоҳи давлатии тиббии Хатлон ҷаласаи навбатии Шӯрои олимони донишгоҳ баргузор гардид.
Сараввал, ректори донишгоҳ, доктори илмҳои тиб, профессор Убайдулло Қурбон омӯзгори кафедраи ҷарроҳии №1 Холов Шарафро барои ишғоли ҷойи сеюм дар даври ниҳоии озмуни ҷумҳуриявии “Илм фурӯғи маърифат” аз рӯйи номинатсияи “Ихтирокорӣ ва навоварӣ” табрику таҳният намуданд.
Тибқи рӯзнома дар ҷаласаи мазкур сарвари Маркази таҳсилоти баъдаздипломӣ Қурбонов Зариф Қурбонович оид ба фаъолияти маркази мазкур маълумот дод.
Дар идомаи ҷаласа муовини ректор оид ба тарбия ва фарҳанг Қурбонмамадов С.Х. оид ба фаъолияти муовнати тарбия барои ҳозирин ҳисобот дод.
Муовини ректор оид ба илм ва нашрия Боронов Ҳ.А. оид ба омодагии Донишгоҳи давлатии тиббии Хатлон ба Конференсияи ҷумҳуриявии илмӣ - амалии Донишгоҳи давлатии тиббии Хатлон (солонаи III-юмин) дар мавзуи “Масъалаҳои мубрами тибби муосир: мушкилот ва роҳҳои ҳалли онҳо”, ки моҳи декабри соли равон дар ДДТХ баргузор мегардад, маълумот дод.
Ректори донишгоҳ, муҳтарам Убайдулло Қурбон масъалаҳои дар боло зикргардидаро мавриди таҳлил қарор дода, бо мақсади рафъи камбудиҳо ва боз ҳам пурзӯр намудани кору фаъолият ба шахсони масъул супоришҳои мушаххас доданд.
ХАБАРНИГОРИ СОМОНА