Скачать шаблон Joomla с JooMix.org
Душанбе, 14 Ноябр 2022 00:00

ИШТИРОКИ ОМӮЗГОРОНИ ДДТХ ДАР КУРСҲОИ ТАҶРИБАОМӮЗИИ КӮТОҲМУДДАТ ДАР ДОИРАИ ЛОИҲАИ CHILD C.A. БАРНОМАИ ERASMUS+ ДАР ДОНИШГОҲИ ПАВИЯИ ИТАЛИЯ ВА ДОНИШГОҲИ ФРАЙБУРГИ ОЛМОН

Аз 8 то 30 октябри соли 2022 тибқи барномаи лоиҳаи CHILD C.A. дар шаҳрҳои Павиа (Италия) ва Фрайбург (Олмон) дар мавзуи «Омӯзиш оид ба усулҳои нави таълим (педиатрия, ҷарроҳии кӯдакона, нейропсихиатрияи кӯдакона) барои ҳайати профессорону омӯзгороне, ки дар нақшаҳои нави интегралӣ иштирок мекунанд, курсҳои таҷрибаомӯзии кӯтоҳмуддат  баргузор гардид.

Дар таҷрибаомӯзии намояндагон аз мактабҳои олии Қазоқистон, Тоҷикистон ва Ӯзбекистон иштирок намуданд.

Аз Донишгоҳи давлатии тиббии Хатлон мудири кафедраи педиатрия, н.и.т. дотсент Кузибоева Н.К. (педиатр), директори маркази ягонаи тестӣ Мардонзода Қ.М. (ҷарроҳи кӯдакона), ассистенти кафедраи педиатрия Музаффаров Д.Б. (асабшиноси кӯдакона) иштирок намуданд.








Мувофики нақша таҷрибаомӯзӣ аз 8 то 15 октябр дар дар Донишгоҳи Павияи Италия ва  аз 16 то 30 октябрь дар Донишгоҳи Фрайбурги Олмон гузаронида шуд.

30 - юми октябр Тобиас Вовра натиҷаи таҷрибаомӯзиро ҳусни анҷом бахшид. Мувофиқи нақша, хулосабарорӣ, муҳокимаи ҷамъбастӣ ва қабули сертификатҳо барпо гардид.

Дар рафти машғулият таҷрибаомӯзон доир ба методикаи таълимии фанҳои тиббӣ, оид ба назорати беморон, муносибати индивидуалӣ ба ҳар як бемор, ки дар кори мутахассисони ҷавон аҳамияти калон дорад, дониш ва таҷриба андӯхтанд.

Ҳамин тавр, лоиҳа аҳамияти нигоҳубини кӯдакро таъкид мекунад ва ба ин васила ба коҳиши фавти кӯдакон тавассути равиши нав шуда дар таълими усулҳои муосири нигоҳубини навзод ва кӯдакон мусоидат мекунад.

Ёдовар мешавем, ки барномаи ERASMUS+ аз ҷониби Иттиҳоди кишварҳои Аврупо роҳандозӣ ва маблағгузорӣ карда мешавад.

КУЗИБОЕВА Н. К.,

н.и.т., дотсент                                            

мудири кафедраи педиатрия

Хондан 155 times Last modified on Душанбе, 14 Ноябр 2022 05:52

1 comment

  • Comment Link Markella Ҷумъа, 12 Январ 2024 04:58 Муаллиф Markella

    you are in reality a just right webmaster. The site loading speed is
    amazing. It sort of feels that you're doing any distinctive trick.
    Furthermore, The contents are masterpiece. you've performed a wonderful task on this
    subject!

Leave a comment

Боварӣ ҳосил намоед, ки маълумоти заруриро (*) ворид созед. Коди HTML иҷозат дода намешавад.

Таърихи ДДТХ

Our partners
 

Тамос бо мо

МТД "Донишгоҳи давлатии тиббии Хатлон"

  • Суроға: н.Данғара, кӯчаи Исмат Шариф - 3
  • Телефон: +992 3312 21034
  • Факс: +992 3312 21035
  • Email: info@khatmedun.tj
  • Шуъбаи таҳлил, назорат ва робита бо ҷомеа: +992 3312 21029

Маводҳои муфид