Скачать шаблон Joomla с JooMix.org
Шанбе, 05 Ноябр 2022 00:00

БАРГУЗОРИИ ЧОРАБИНИИ ФАРҲАНГӢ БАХШИДА БА РӮЗИ КОНСТИТУТСИЯИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

            5 - уми октябри соли 2022 дар  Донишгоҳи давлатии тиббии Хатлон бо ибтикори муовинати тарбия ва фарҳанг ва кафедраи Фанҳои ҷомеашиносӣ бахшида ба рӯзи Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон чорабинии фарҳангӣ баргузор гардид, ки дар он ҳайати профессорону омӯзгорон ва донишҷӯён фаъолона  ширкат варзиданд.  

            Чорабинироро муовини ректори ДДТХ оид ба илм ва нашрия н.и.т. Боронов Ҳ.А. ҳусни оғоз бахшида, нутқи табрикотии ректори д.и.т., профессор Убайдулло Қурбонро қироат намуд. Қайд гардид, ки мардуми шарифи Тоҷикистон ҳар сол ин санаи таърихӣ, яъне 6-уми ноябрро бо эҳсоси гарми ватандӯстӣ ва ифтихори ватандорӣ ҷашн мегиранд, зеро маҳз ба шарофати амалӣ гардидани меъёрҳои ин санади тақдирсоз ҷомеаи мо аз давраи душвори таърихӣ раҳоӣ ёфта, дар ҳамаи соҳаҳо тадриҷан ба дастовардҳо ноил гардид ва имрӯз ба сӯи фардои боз ҳам ободу осуда қадамҳои устувор гузошта истодааст.

       Дар идомаи чорабинӣ мудири кафедраи фанҳои ҷомеашиносӣ н.и.ф. дотсент Гулов А.А.   дар мавзуи “Пайдоиши аввалин Конститутсия ва аҳамияти таърихии он”” маърӯзаи пурмуҳтаво кард.

            Дастаи ҳунарии “Дурахшон” бо сурудҳо ва рақсҳои дилнишини хеш табъи ҳозиринро болида гардониданд.

            Дар анҷоми чорабинӣ муовини ректори ДДТХ оид ба илм ва нашрия  Боронов Ҳ.А. ба таҳиякунандагони барномаи адабӣ - мусиқӣ изҳори сипос намуд.

ХАБАРНИГОРИ СОМОНА

Хондан 144 times Last modified on Чоршанбе, 09 Ноябр 2022 07:55

Leave a comment

Боварӣ ҳосил намоед, ки маълумоти заруриро (*) ворид созед. Коди HTML иҷозат дода намешавад.

Таърихи ДДТХ

Our partners
 

Тамос бо мо

МТД "Донишгоҳи давлатии тиббии Хатлон"

  • Суроға: н.Данғара, кӯчаи Исмат Шариф - 3
  • Телефон: +992 3312 21034
  • Факс: +992 3312 21035
  • Email: info@khatmedun.tj
  • Шуъбаи таҳлил, назорат ва робита бо ҷомеа: +992 3312 21029

Маводҳои муфид