26 - уми октябри соли 2022 ҷаласаи навбатии Шӯрои олимони Донишгоҳи давлатии тиббии Хатлон баргузор гардид.
Дар оғози ҷаласа ректори донишгоҳ д.и.т., профессор Убайдулло Қурбон мудири кафедраи фанҳои ҷарроҳии №3 Айниев Б.С.-ро ба муносибати 55-умин солгарди баҳори умраш табрику таҳният намуданд.
Тибқи рӯзнома дар ҷаласаи мазкур аз ҷониби муовини ректор оид ба корҳои таълимӣ ва методӣ Аҳмадиён Ш.Р. оид ба корҳои таълимӣ-методӣ дар соли таҳсили 2021-2022 ба таври муфассал маълумот дода шуд.
Дар идомаи ҷаласа ахбори муовини ректор оид ба корҳои маъмурӣ ва хоҷагӣ Камолов Д.Ғ. дар бораи рафти иҷрои корҳои сохтмонии иншооти нави ДДТХ шунида шуд.
Инчунин дар ҷаласа мудири кафедраи Забонҳо Одинаев С.П. оид ба амалишавии Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи забони давлатӣ” дар Донишгоҳи давлатии тиббии Хатлон маълумоти муфассал дод.
Дар ҷаласа масоили мухталиф баррасӣ гардида, аз ҷумла, қарори Шӯрои олимон “Дар бораи ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Низомномаи раванди имтиҳонҳои ҷорӣ дар ДДТХ” қабул гардид.
Ректори донишгоҳ, муҳтарам Убайдулло Қурбон масъалаҳои дар боло зикргардидаро мавриди таҳлил қарор дода, бо мақсади рафъи камбудиҳо ва боз ҳам пурзӯр намудани кору фаъолият ба шахсони масъул супоришҳои мушаххас доданд.
ХАБАРНИГОРИ СОМОНА