17 октябри соли равон бахшида ба 30 - солагии Иҷлосияи 16-уми Шӯрои Олӣ вохӯрии вакилони маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон - Гулаҳмадзода З. ва Идизода Ф. бо ҳайати профессорону омӯзгорон ва донишҷӯёни Донишгоҳи давлатии тиббии Хатлон доир гардид.
Муовини ректор оид ба тарбия ва фарҳанг Қурбонмамадов С.Х. ҷаласаро ҳусни ифтитоҳ бахшид.
Вакили маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Гулаҳмадзода З. қайд намуд, ки Иҷлосияи 16-уми Шӯрои Олӣ дар тақдири минбаъдаи Тоҷикистони азизамон нақши ҳалкунанда ва мусбат бозид. Пас аз баргузории иҷлосияи мазкур Тоҷикистон дар барқарор намудани сулҳ қадамҳои устувор ниҳод.
Ҳамзамон, Идизода Ф. дар маърузааш қайд кард, ки Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз рӯзи нахустини интихоб гардиданаш ҳамчун Раиси Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷони хешро ба каф гирифта, ба баргардондани гурезагон шуруъ карданд, халқро ба ҳамдигарфаҳмӣ ва Ваҳдати миллӣ даъват намуданд. Ин ниҳоят кори мушкил буд, аммо муҳтарам Президенти кишвар аз уҳдаи он ба хубӣ баромада, мардуми парешонгаштаро сарҷамъ намуданд.
ХАБАРНИГОРИ СОМОНА