Скачать шаблон Joomla с JooMix.org
Панҷшанбе, 20 Октябр 2022 00:00

ҒОЛИБОНИ ОЗМУН МУАЙЯН ГАРДИДАНД

29-30 сентябри соли 2022 дар шаҳри Бохтари вилояти Хатлон даври вилоятии озмуни ҷумҳуриявии “Илм - фурӯғи маърифат” баргузор гардида буд, ки омӯзгорон ва донишҷӯёни Донишгоҳи давлатии тиббии Хатлон дар он фаъолона ширкат варзида, ҷойҳои намоёнро ба даст оварданд.

Дар номинатсияи химия Муҳаммадҷонов А. - донишҷӯи курси дуюми факултети тиббӣ ҷойи якум ва Абдуллоев Р.И. - донишҷӯи курси панҷуми факултети педиатрӣ ҷойи дуюмро ба даст оварданд.

Дар номинатсияҳои биология, физика ва математика донишҷӯёни курси панҷуми факултети педиатрӣ Қувваталиева Д.Р., Раҳимов Ф.А. ва Ш. Бахтиёр сазовори ҷойи сеюм гардиданд.

Ассистенти кафедраи фанҳои ҷарроҳии №1 Холов Ш.И. дар номинатсияи Ихтирокорӣ ва навоварӣ  ҷойи дуюмро ишғол намуд.

Раёсати донишгоҳ, ҳайати профессорону омӯзгорон ва донишҷӯёни ДДТХ ғолибонро аз самими қалб табрику таҳният намуда, барои фатҳи қуллаҳои нав ба нави илму дониш комёбиҳои беназирро орзу менамоянд.

ХАБАРНИГОРИ СОМОНА

Хондан 144 times Last modified on Душанбе, 31 Октябр 2022 07:28

Leave a comment

Боварӣ ҳосил намоед, ки маълумоти заруриро (*) ворид созед. Коди HTML иҷозат дода намешавад.

Таърихи ДДТХ

Our partners
 

Тамос бо мо

МТД "Донишгоҳи давлатии тиббии Хатлон"

  • Суроға: н.Данғара, кӯчаи Исмат Шариф - 3
  • Телефон: +992 3312 21034
  • Факс: +992 3312 21035
  • Email: info@khatmedun.tj
  • Шуъбаи таҳлил, назорат ва робита бо ҷомеа: +992 3312 21029

Маводҳои муфид