Скачать шаблон Joomla с JooMix.org
Душанбе, 17 Октябр 2022 00:00

БАРГУЗОРИИ ҶАЛАСАИ ДАР МУОВИНАТИ ИЛМ ВА ИННОВАТСИЯ

11-уми  октябри соли равон дар муовинати илм ва инноватсияи Донишгоҳи давлатии тиббии Хатлон ҷаласаи корӣ баргузор гардид. Дар ҷаласа ҳайати профессорону омӯзгорон ва мудирони кафедраҳои ДДТХ иштирок намуданд.

Ҷаласаро муовини ректори ДДТХ оид ба илм ва инноватсия, номзади илмҳои тиб Боронов Ҳ.А. ҳусни ифтитоҳ бахшид. Масъалаҳои асосии рӯзномаи ҷаласа аз “Пешниҳоди лоиҳаҳои тадқиқотӣ, ки аз фонди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон маблағгузорӣ карда мешаванд”, “Омодагӣ ба Конференсияи солонаи ДДТТ ба номи Абӯалӣ ибни Сино” ва “Тасдиқи мавзуъҳои Ҷамъияти илмӣ-маърифатии “Дониш” ва иштироки фаъолонаи ҳайати профессорону омӯзгорон дар он иборат буданд.

 Қайд гардид, ки омӯзгорони макотиби олӣ новобаста аз таълиму тарбияи донишҷӯён, пайваста ба корҳои илмӣ низ машғул бошанд. Навиштани тезису мақолаҳои илмӣ ва ба нашр расондани онҳо дар маҷаллаҳои илмӣ, иштирок дар конференсияҳои дохилидонишгоҳӣ ва берун аз он яке аз вазифаҳои аввалиндараҷаи омӯзгорони макотиби олӣ мебошанд.

Мудирони кафедраҳо дар ҷаласаҳо фикру мулоҳизаҳои хешро баён намуданд.

Дар анҷоми ҷаласа аз ҷониби муовини ректор оид ба илм ва инноватсия ба мудирони кафедраҳо супоришҳои мушаххас дода шуданд.

МУОВИНАТИ ИЛМ

ВА ИННОВАТСИЯ

Хондан 182 times Last modified on Панҷшанбе, 20 Октябр 2022 02:58

Leave a comment

Боварӣ ҳосил намоед, ки маълумоти заруриро (*) ворид созед. Коди HTML иҷозат дода намешавад.

Таърихи ДДТХ

Our partners
 

Тамос бо мо

МТД "Донишгоҳи давлатии тиббии Хатлон"

  • Суроға: н.Данғара, кӯчаи Исмат Шариф - 3
  • Телефон: +992 3312 21034
  • Факс: +992 3312 21035
  • Email: info@khatmedun.tj
  • Шуъбаи таҳлил, назорат ва робита бо ҷомеа: +992 3312 21029

Маводҳои муфид