30 сентябри соли равон дар кафедраи фанҳои муолиҷавии №1-и Донишгоҳи давлатии тиббии Хатлон аз фанни “Бемориҳои даруна” дарси кушод баргузор гардид. Дарси кушод дар курси 5-уми гурӯҳи 501-и педиатрӣ аз ҷониби омӯзгори ҷавони кафедраи мазкур Раҳмонов А.Ш. дар мавзӯи “Гепатит. Сиррози ҷигар” гузаронида шуд.
Дар дарси кушод сардори бахши назорати сифати таҳсилот Қурбонов Х.Ш., мудири кафедраи фанҳои муолиҷавии №1 Эргашев Ҳ.Ю., мудири кафедраи бемориҳои сироятӣ ва дерматовенерология Исоева Б.И., муовини декани факултети педиатрӣ Омонов Э.О. ва омӯзгорони кафедраҳо иштирок карданд.
Омӯзгор дар нутқи муқаддимавии худ оид ба паҳншавии бемории гепатит дар ҷаҳон маълумоти мухтасар дода, таъкид намуд, ки мутаассифона дар Тоҷикистони азизамон низ бемории мазкур мавҷуд аст.
Дар ҷараёни дарс омӯзгор Раҳмонов А.Ш. ба донишҷӯён бо саволҳои проблемавӣ муроҷиат карда, ҷавобҳои дақиқ ва аниқро талаб мекард. Агар омӯзгор ба ҷавобҳои баъзе донишҷӯён қаноат намекард, ба аудитория муроҷиат карда, ҷавоби пурраи саволи додашударо талаб менамуд. Ин усули дарс аудиторияро пайваста дар ҳолати фаъол нигоҳ медошт.
Истифода аз васоити техникии таълим, кашидани расмҳо дар тахтаи синф аз ҷониби донишҷӯён ва худи устод дарсро боз ҳам шавқовартар менамуд.
Дар интиҳо сардори бахши назорати сифати таҳсилот Қурбонов Х.Ш. дарси кушодро ҷамъбаст намуда, ба маҳорати омӯзгории Раҳмонов А.Ш. баҳои баланд дод.
ХАБАРНИГОРИ СОМОНА