Скачать шаблон Joomla с JooMix.org
Душанбе, 03 Октябр 2022 00:00

ҲАМОИШИ АДАБӢ - БАДЕӢ БАХШИДА БА РӮЗИ БУЗУРГДОШТИ МАВЛОНО ҶАЛОЛУДДИНИ БАЛХӢ

29 сентябри соли равон бо ибтикори кафедраи забонҳо, муовинати тарбия ва фарҳанг ва Китобхона дар Донишгоҳи давлатии тиббии Хатлон бахшида ба рӯзи бузургдошти яке аз бузургтарин шоирон ва мутафаккирони   бузурги форсу тоҷик Мавлоно Ҷалолуддини Балхӣ ҳамоиши адабӣ - бадеӣ баргузор гардид.

            Ҳамоишро муовини ректор оид ба тарбия ва фарҳанг Қурбонмамадов С.Х. ҳусни оғоз бахшида, қайд кард, ки бузургии Румӣ то андозаест, ки ҳар миллату халқият ӯро шоири хеш мешуморад.  Ғазалиёти пурошӯби Мавлоно дили ҳазорон касро тасхир намуда, ҳофизон ва ҳунармандон ба ашъораш барои вазни сабук, маънои бикру мазмуни баландаш оҳанги ҷаззобу дилошӯб баста,   месароянд. 

       Дар идомаи чорабинӣ мудири кафедраи забонҳо Одинаев С.П., саромӯзгори кафедраи мазкур Қурбонов Х.Ш., омӯзгори кафедраи забонҳо Назиров Р.Р.  дар мавзуъҳои “Шуҳрати Ҷалолиддини Балхӣ дар Ғарб”,   “Пайвастагии шеъри Рӯдакӣ ва Румӣ” ва “Ҷанбаи тарбиявии ашъори Ҷалолуддини Балхӣ” маърузаҳои пурмуҳтаво карданд.

            Профессори фахрии ДДТХ дотсенти кафедраи забонҳо Должикова В.А. оид ба рӯзгор ва фаъолияти Мавлоно суханронӣ намуда, донишҷӯёнро барои донистани таърихи адабиёти бойи форсу тоҷик ва адабиётдӯстӣ ҳидоят намуд.

            Донишҷӯёни курси якум Қудратова М., Султонова Г., Каримова З. Ҳотамова Н., Очилова И. ва Файзуллоева Д. аз  ашъори Ҷалолуддини Румӣ шеърҳо қироат намуданд.

            Дар анҷоми ҳамоиш муовини ректор оид ба тарбия ва фарҳанг Қурбонмамадов С.Х. ба аҳли нишаст ва ташкилкунандагони ҳамоиш изҳори сипос намуд.

ХАБАРНИГОРИ СОМОНА

Хондан 159 times

Leave a comment

Боварӣ ҳосил намоед, ки маълумоти заруриро (*) ворид созед. Коди HTML иҷозат дода намешавад.

Таърихи ДДТХ

Our partners
 

Тамос бо мо

МТД "Донишгоҳи давлатии тиббии Хатлон"

  • Суроға: н.Данғара, кӯчаи Исмат Шариф - 3
  • Телефон: +992 3312 21034
  • Факс: +992 3312 21035
  • Email: info@khatmedun.tj
  • Шуъбаи таҳлил, назорат ва робита бо ҷомеа: +992 3312 21029

Маводҳои муфид