Скачать шаблон Joomla с JooMix.org
Душанбе, 03 Октябр 2022 00:00

БАРГУЗОРИИ ДАРСИ КУШОД ДАР КАФЕДРАИ ПЕДИАТРИЯ

Дар соли таҳсили 2022 - 2023 дар Донишгоҳи давлатии тиббии Хатлон аввалин дарси кушод аз кафедраи педиатрия оғоз гардид.

27 сентябри соли равон дар кафедраи педиатрияи ДДТХ аз ҷониби омӯзгори ҷавон Маматов Ҷ.А. дар гурӯҳи 401-и тиббӣ дар мавзуи “Илтиҳоби шушҳо дар кӯдакон” дарси кушод баргузор гардид.

Дар дарси кушоди мазкур сардори бахши  назорати сифати таҳсилот Қурбонов Х.Ш., мудири кафедраи забонҳо Одинаев С.П., мудири кафедраи педиатрия Кузибаева Н.К., омӯзгорони кафедраи педиатрия ва муҳаррири масъули рӯзномаи “Пайки шифо” О.Саркорӣ иштирок намуданд.

Пас аз санҷидани давомоти донишҷӯён омӯзгор дар рафти ташкилии дарс мухтасар аз ахбори ҷаҳон ва Тоҷикистон сухан ронда, донишҷӯёнро ба худогоҳии миллӣ ва ҳушёрии сиёсӣ раҳнамоӣ кард.

Дар идомаи дарси кушод барои донишҷӯён доир ба мавзуъ варақаҳо  тақсим гардид, ки 10 саволи тестиро дар бар мегирифт.

Аудитория хеле фаъол буд ва донишҷӯён ба саволҳои омӯзгор ҷавобҳои мушаххас медоданд.

Дар дарс аз асбоби аёнии техникӣ ва муляжҳо самаранок истифода карда шуд. 

Аз ҷониби Маркази технологияи иттилоотӣ дарси кушоди мазкур ба навор гирифта шуд.

Дар анҷоми дарси кушод сардори бахши  назорати сифати таҳсилот Қурбонов Х.Ш. дарсро таҳлил намуда, фикру мулоҳизаҳои хешро баён намуд ва ба дарси кушод баҳои баланд дод.

ХАБАРНИГОРИ СОМОНА

Хондан 152 times

Leave a comment

Боварӣ ҳосил намоед, ки маълумоти заруриро (*) ворид созед. Коди HTML иҷозат дода намешавад.

Таърихи ДДТХ

Our partners
 

Тамос бо мо

МТД "Донишгоҳи давлатии тиббии Хатлон"

  • Суроға: н.Данғара, кӯчаи Исмат Шариф - 3
  • Телефон: +992 3312 21034
  • Факс: +992 3312 21035
  • Email: info@khatmedun.tj
  • Шуъбаи таҳлил, назорат ва робита бо ҷомеа: +992 3312 21029

Маводҳои муфид