Скачать шаблон Joomla с JooMix.org
Шанбе, 01 Октябр 2022 00:00

БАРГУЗОРИИ ҶАЛАСАИ НАВБАТИИ ҶАМЪИЯТИ ИЛМӢ-МАЪРИФАТИИ “ДОНИШ”

26 сентябри соли равон бо ибтикори муовинати илм ва инноватсия дар Донишгоҳи давлатии тиббии Хатлон ҷаласаи навбатии ҷамъияти илмӣ-маърифатии “Дониш” баргузор гардид.

Дар ҷаласа ҳайати профессорону омӯзгорон ва донишҷӯёни  ДДТХ иштирок намуданд.

Раиси ҷамъияти илмӣ-маърифатии “Дониш” мудири кафедраи фанҳои ҷомеашиносӣ, н.и.ф., дотсент Гулов А.А. ҷаласаро ҳусни ифтитоҳ бахшид. Қайд гардид, ки гармшавии иқлим яке аз проблемаҳои муҳими замони ҳозира ба шумор рафта, донишмандони ҷаҳон ба масъалаи мазкур таваҷҷуҳи махсус зоҳир менамоянд.

Дар идомаи ҷаласа омӯзгори калони кафедраи химия ва биологияи тиббӣ Ҳошимов М. дар мавзуи “Пиряхҳо - манбаи оби ширин” маърӯзаи пурмуҳтаво кард. Номбурда дар маърузаи хеш оид ба пиряхҳои хурду бузурги Тоҷикистон маълумоти муфассал дод.

Дар анҷоми ҷаласа раиси ҷамъияти илмӣ-маърифатии “Дониш” Гулов А.А. барои иштироккунандагони ҷаласа ва омӯзгор Ҳошимов М. барои маърузаи пурмуҳтавояш изҳори сипос намуд.

ХАБАРНИГОРИ СОМОНА

Хондан 143 times

Leave a comment

Боварӣ ҳосил намоед, ки маълумоти заруриро (*) ворид созед. Коди HTML иҷозат дода намешавад.

Таърихи ДДТХ

Our partners
 

Тамос бо мо

МТД "Донишгоҳи давлатии тиббии Хатлон"

  • Суроға: н.Данғара, кӯчаи Исмат Шариф - 3
  • Телефон: +992 3312 21034
  • Факс: +992 3312 21035
  • Email: info@khatmedun.tj
  • Шуъбаи таҳлил, назорат ва робита бо ҷомеа: +992 3312 21029

Маводҳои муфид