Чоп намудани матн

ЭЪЛОН

04 Октябр 2021
Муаллиф :  

 

Ба диққати олимони ҷавон ва донишҷӯёни донишгоҳ расонида мешавад, ки аз 4-уми октябри соли 2021 Озмуни пешниҳоди лоиҳаҳои илмӣ-тадқиқотӣ дар доираи Грантҳои хурди донишгоҳӣ оғоз мегардад. Барои омодасозии пешниҳоди дархостҳо мувофиқи талаботҳои дар поён зикршуда, то 4-уми ноябри соли 2021 муҳлат дода мешавад.


                                                           Талаботҳо

Лоиҳаҳои дархостии грантӣ бояд ба забонҳои тоҷикӣ ва русӣ тартиб дода шаванд ва ду қисмро дарбар гиранд.

Қисми аввали таклифи грантӣ аз ҳуҷҷатҳои таъсисӣ ҳуқуқӣ ва маълумот оид ба шартҳои мутобиқат барои гирифтани гранти хурд (номи сохтор, суроға, рақами телефон, ном ва насаби иҷрокунандагон) иборат аст.

Қисми дуюми таклифи грантӣ бояд маълумоти зеринро дарбар гирад:

  • Номгӯи корҳои озмоишӣ;
  • Тавсифи корҳои озмоишӣ (мақсад, иҷрокунандагон, асосноккунии барномаи пешниҳодшуда;
  • Нақшаи корҳои озмоишии пешбинишуда, муҳлати иҷроиш ва усули озмоишӣ;
  • Таҷҳизот ва дастгоҳҳо, ки барои корҳои озмоишӣ истифода мешаванд;
  • Маълумот дар бораи тахассуси омӯзгорон;
  • Маблағи дархостшуда;
  • Маълумот оид ба воситаҳои баҳодиҳӣ, ки барои муайян намудани сатҳи озмоишҳои гузаронидашуда истифода бурда мешаванд.

Барои маълумоти бештар ба Муовинати илм ва нашрия муроҷиат намоед.

Телефонҳо барои тамос:8331221067; +992 917384151

0 Шарҳ 168 нафар мутолиа намуданд
ADMIN

Хабарҳои охир  ADMIN

We use cookies to improve our website. By continuing to use this website, you are giving consent to cookies being used. More details…

Joomla! Debug Console

Session

Profile Information

Memory Usage

Database Queries