Меҳмонони олиқадр, устодон ва шогирдони азиз!
Қаблан ҳамаи Шуморо ба чорабинии тантанавии бахшида ба хатми аввалини Донишгоҳи давлатии тиббии Хатлон самимона хайра мақдам гуфта, бо боварӣ изҳор менамоям, ки ҳузури мубораки шумо ба ин маҳфили бошукӯҳ таровату ҳусни дигар афзун месозад. Аз фурсати муносиб истифода бурда, шогирдони азиз, аввалин хатмкунандагони донишгоҳ - шуморо бо ин рӯзи дар ҳақиқат ҳам хотирмону фаромӯшнашаванда - ҷамъбасти бомуваффақияти таҳсил дар таълимгоҳи олии тиббии ҷумҳурӣ ва сазовор гаштан ба номи пуршарафи табибӣ аз самими дил табрику таҳният гуфта, ба ҳар кадоми шумо дар расидан ба орзуву умедҳои минбаъдаатон муваффақиятҳои беназирро таманно менамоям. Ҳамеша сарбаланду саодатёр бошед.
Ҳозирини гиромӣ!
Барои аҳли донишгоҳ, ҳайати профессорону омӯзгорон мояи ифтихор аст, ки маҳз бо иқдом ва ташаббуси бевоситаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон соли 2016 Донишгоҳи давлатии тиббии Хатлон таъсис ёфт ва имрӯз мо нахустин хатмкунандагони ин боргоҳи маърифатро чун табибони дорои малакаву маҳорати хоса ба ҳаёти наву дунёи нозуки табибӣ бо ифтихор ва фараҳмандӣ гусел менамоем. Гусел менамоем шогирдонеро, ки 5 сол пеш аз аввалинҳо шуда, ба ин донишгоҳ ҳуҷҷат супориданд ва сазовори номи донишҷӯӣ гардиданд. Ва инак, 5 соли заҳмат, 5 соли талош, 5 соли бедорхобӣ, 5 соли кӯшишу ғайрат ва 5 соли ояндасозии дурахшон паси сар шуду гуё динаякак буд ҷашн гирифтани «Рӯзи дониш»-и нахустин дар донишгоҳи навтаъсис бо шогирдони аввалин. Чун як навор аз пеши чашм мегузараду аз умри чун оби дарё равони мову шумо дарак медиҳад.
Вале, хушбахтии якояки мо аст, ки ин умри 5 - соларо барабас нагузаронидем. Дониш омӯхтему таълим гирифтем, илм андӯхтему соҳибмалака шудем, тарбия дидему бомаърифат шудем, бо дарди инсон сару кор гирифтему табобатгари инсон шудем ва ба ин рӯзи мубораку ҳумоюн, ки орзуву умеди якоякамон буд, бо сарбаландӣ расидем.
Номи ҳар кадоми шумо - шогирдони гиромӣ, дар таърихи донишгоҳ чун аввалин хатмкунандагони донишгоҳ бо хати заррин сабт хоҳад ёфт ва ҳамзамон аз шумо масъулияти даҳчанду садчанд зиёдтарро талаб хоҳад дошт. Зеро муваффақияту комёбиҳои минбаъда, мақому манзалати хоса пайдо кардан дар байни ҷомеа, чун табибони ҳозиқ соҳибэҳтиром гардидани шумо ба донишгоҳи азизамон шукӯҳу ҷалол ва нигоҳи неку назари хосаи оммаро ато хоҳад бахшид.
Имрӯз Шумо дар муҳити тантанавӣ «Савганди табиби Ҷумҳурии Тоҷикистон»-ро ёд хоҳед намуд, ки он маънои дар ҳама ҳолу аҳволи зиндагӣ содиқ будан ба касби табибиро дорад ва итминони комил дорам, ки бо масъулияти том шумо ин нуктаро дарк намуда, савганд ёд менамоед.
Хатмкунандагони азиз!
Давраи донишандӯзӣ ва камолоти касбӣ дар ҳақиқат ҳам мушкилиҳои зиёдеро доро аст, вале Шумо, ки панҷ сол пеш бо азму иродаи қавӣ ва нияту орзуҳои ширини ҷавонӣ ба ин таълимгоҳи муқаддас қадам гузошта будед, сабру таҳаммулро пешаи асосии худ намуда, душвориҳои сангини пайроҳаи касбомӯзӣро паси сар кардед ва имрӯз метавонед ифтихор намоед, ки аз имтиҳони аввалини зиндагӣ бомуваффақият гузашта, ба фаъолияти мустақилонаи касбии худ роҳи васеъ кушодед. Бо фараҳмандӣ, имсол Донишгоҳи мо 45 нафар дастпарварони худро ба хизмати халқу Ватан сафарбар менамояд, ки аз онҳо 4 нафар донишгоҳро бо дипломи аъло хатм намудаанд ва ин, албатта, боиси сарфарозии мо мебошад.
Тазаккур бояд дод, ки ҳаёти донишҷӯӣ на танҳо касб омӯхтану дониш гирифтан ва соҳибмаълумот шудан аст, балки он худ як мактаби зиндагӣ, як давраи беҳтарини умри ҷавонӣ, як марҳилаи тиллоию такрорнашавандаи ҳаёт ба шумор меравад, ки онро ҳамроҳ бо ҳамсабақонатон дар ҳамзистӣ бо ҳамдигар чун дӯсту бародар паси сар намудед ва итминонам комил аст, ки дӯстиву бародарии шумо давоми умр пойдор хоҳад монд ва ҷашни панҷ, даҳ ё бист соли баъди хатм нишонаи аълои дӯстиву бародарии шумо хоҳад буд.
Шогирдони азиз, набояд фаромӯш сохт, ки хатми донишгоҳ ин ҳанӯз анҷоми кор нест. Барои табиби ҳозиқу донишманд ва мушкилкушои дарди ҳазорон нафар ниёзмандон гаштан дар оянда низ бо дарки масъулият бояд таҷрибаи андӯхтаи ҳамкасбони калонсолро азхуд намуд, зеро танҳо дар амал татбиқ намудани донишҳои тӯли панҷ сол азбарнамуда наметавонад шуморо ба қуллаҳои баланди илм бирасонад ва гули сари сабади аҳли ҷомеа гардонад. Беихтиёр дар ин ҷода боз ҳам мисраъҳои Мавлоно Ҷалолиддини Балхӣ ба хотир мерасанд, ки фармудаандт:
Ақл қувват гирад аз ақли дигар,
Пешагар комил шавад аз пешагар.
Оре, итминони комил дорам, ки хатмкунандагони аввалин ин пандро сармашқи кори худ намуда, дар ҷодаи касби хеш масъулияти боз ҳам бештарро ҳис менамоянд.
Набояд фаромӯш кард, ки ҳар кадоми шумо дар кадом нуқтае, ки набошед, то ба ҳадди камолоти касбӣ расидан аз таваҷҷуҳи устодон ва роҳбарияти донишгоҳ дур нахоҳед монд ва мо дар ҳама лаҳзаҳо омодаем, ки барои рушди касбии шумо кӯмаки амалии хешро расонем.
Бори дигар, Шумо - шогирдони азизро бо хатми донишгоҳ табрику таҳният гуфта, дар амалияи касби пуршарафи табибӣ ба ҳар кадоматон комёбиву сарфарозӣ ва некномиву саодатмандиро таманно менамоям.
Роҳи сафеди зиндагӣ насибатон бод, хатмкунандагони азиз!