Чоп намудани матн

ТАШРИФИ МЕҲМОНОНИ ОЛИҚАДР БА ДДТХ

03 Июн 2021 Муаллиф :  

2 июни соли 2021 сафари кории Вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Абдуллозода Ҷамолиддин Абдулло бо намояндагони ташкилотҳои байналмилалӣ ба шаҳри Кӯлоб ва ноҳияи Данғара  сурат гирифт.


Дар доираи сафари корӣ таҳти роҳбарии Вазири тандурустӣ меҳмонони олиқадр ба Донишгоҳи давлатии тиббии Хатлон низ ташриф оварданд.

Ба ҳайати гурӯҳи сафари корӣ намояндаи доимии Бонки Умумиҷаҳонӣ дар Тоҷикистон ҷаноби Ян - Петер Олтерс, ҳамоҳангсози доимии СММ дар Тоҷикистон (UNRC)  Сезин Синаноглу, намояндаи ЮНИСЕФ дар Тоҷикистон ҷаноби Осама Маккавӣ, сардори барномаи тандурустӣ ва ғизо Энтони Асиҷе, муовини роҳбари Намояндагӣ дар Тоҷикистон ҷаноби Кикучи Такеши шомил буданд.

Дар ДДТХ Ректори донишгоҳ доктори илмҳои тиб, профессор Убайдулло Қурбон меҳмонони олиқадрро бо намояндагони Раёсати донишгоҳ пешвоз гирифтанд.

Дар идомаи сафар меҳмонон аз рафти имкониятҳои илмомӯзӣ дар Донишгоҳи давлатии тиббии Хатлон аз наздик шинос шуданд.

Дар даромадгоҳи бино ҳунарҳои мардумӣ, ки аз ҷониби донишҷӯён тайёр карда шудааст, ба намоиш гузошта шуда буд, ки  меҳмононро ба ваҷд овард. Сипас, меҳмонон аз Китобхонаи донишгоҳ, синфхонаи электронӣ, толори фарҳангӣ, Маркази курси малакаҳои амалӣ дидан намуда, бо донишҷӯён ҳамсуҳбат шуданд.









Сухбати озоди донишҷӯён ба забони англисӣ, таҷҳизоти синфхонаҳо, тарзи гузаронидани дарсҳо дар донишгоҳе, ки ҳамагӣ панҷ сол дорад, ба меҳмонон хеле писанд омад.

Дар анҷом Ректори донишгоҳ профессор Убайдулло Қурбон аз ташрифи меҳмонони олиқадр изҳори қаноатмандӣ намуда, иброз доштанд, ки Донишгоҳи давлатии тиббии Хатлон барои ҳамкориҳо бо ташкилотҳои байналмилалӣ ва донишгоҳҳои хориҷӣ ҳамеша омода аст.

ХАБАРНИГОРИ СОМОНА

0 Шарҳ 1299 нафар мутолиа намуданд
ADMIN

Хабарҳои охир  ADMIN

We use cookies to improve our website. By continuing to use this website, you are giving consent to cookies being used. More details…

Joomla! Debug Console

Session

Profile Information

Memory Usage

Database Queries