22 майи соли равон дар Донишгоҳи давлатии тиббии Хатлон бахшида ба Рӯзи ҷавонони Тоҷикистон чорабинии фарҳангӣ - адабӣ бо иштироки ҳайати профессорону омӯзгорон ва донишҷӯён баргузор гардид.
Сараввал, Ректори Донишгоҳи давлатии таббии Хатлон д.и.т., профессор Убайдулло Қурбон ба муносибати Рӯзи ҷавонони Тоҷикистон аҳли нишастро табрику таҳният намуданд. Сипас, аз ҷониби муҳтарам ректор бо мақсади ҳавасманд гардонидани донишҷӯёни ДДТХ, барои ғолибони Олимпиадаҳои байналмилалии Бухоро, Самарқанд ва Тошкент, ғолибони Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон, ғолибони озмуни “Фестивали бозиҳои варзишӣ”, ғолибони озмунҳои донишгоҳӣ аз рӯи номинатсияҳои “Омӯзгори сол”, “Донишҷӯи сол”, “Беҳтарин маҳфили илмӣ”, “Гурӯҳи беҳтарин” ва “Кафедраи беҳтарин”, волонтёроне, ки дар корҳои фаҳмондадиҳӣ ва роҳҳои пешгирии бемории сироятии КОВИД - 19 фаълона иштирок намуда буданд ва аъзои фаъоли ташкилотҳои ҷамъиятӣ, ки пайваста дар корҳои донишгоҳӣ саҳми назаррас доштанд, бо Ифтихорномаи ДДТХ ва туҳфаҳои хотиравӣ сарфароз гардонида шуданд.
Ҳамзамон, роҳбарони ташкилотҳои ҷамъиятӣ, аз ҷумла, Камолов Д.Ғ. - раиси Кумитаи иттифоқи касабаи кормандон ва донишҷӯён, Наботова О.З. - раиси Шӯрои занон ва духтарон ва Раҳимов Х. С. - мудири шуъбаи кор бо ҷавонон барои татбиқи сиёсати давлатии ҷавонон бо Ифтихорномаи ДДТХ ва туҳфаҳои хотиравӣ мукофотонида шуданд.
Дар идомаи чорабинӣ барномаи адабӣ - мусиқӣ ба намоиш гузошта шуд. Дастаи ҳунарии «Дурахшон» - и ДДТХ бо ҳунарнамоии хеш дилҳои ҳозиринро шод намуданд.
Дар анҷоми чорабинии фарҳангӣ Ректори донишгоҳ муҳтарам Убайдулло Қурбон ба ташкилкунандагон ва таҳиягарони барномаи фарҳангӣ - адабӣ барои дар сатҳи баланд баргузор намудани чорабинии мазкур изҳори сипос намуда, барои аҳли нишаст хушиҳои рӯзгор ва саломативу сарбаландӣ орзу намуданд.
ХАБАРНИГОРИ СОМОНА