Чоп намудани матн

ЧОРАБИНИИ ФАРҲАНГӢ - АДАБӢ БАХШИДА БА РӮЗИ ҒАЛАБА

16 Май 2021
Муаллиф :  

8 майи соли равон дар Донишгоҳи давлатии тиббии Хатлон бахшида ба Рӯзи Ғалаба чорабинии фарҳангӣ - адабӣ бо иштироки ҳайати профессорону омӯзгорон ва донишҷӯён баргузор гардид.

Сараввал, муовини ректор оид ба тарбия ва фарҳанг Қурбонмамадов С.Х.  табрикоти Ректори Донишгоҳи давлатии таббии Хатлон, доктори илмҳои тиб, профессор Убайдулло Қурбонро қироат намуда, аҳли нишастро ба муносибати 76 - солагии Рӯзи Ғалаба табрику таҳният намуд.

Дар идомаи чорабинӣ барномаи адабӣ - мусиқӣ ба намоиш гузошта шуд. Чорабинӣ аз қироати шеърҳо дар васфи ҳомиёни Ватан, иҷрои сурудҳои дилнишин дар васфи Ватан ва рақсҳои миллии тоҷикӣ иборат буд.  Дастаи ҳунарии «Дурахшон» - и ДДТХ бо ҳунарнамоии хеш дилҳои ҳозиринро  шод намуданд.

Дар анҷоми чорабинӣ муовини ректор оид ба тарбия ва фарҳанг Қурбонмамадов С.Х. ба ташкилкунандагон ва таҳиягарони барномаи фарҳангӣ - адабӣ барои дар сатҳи баланд баргузор намудани чорабинии мазкур изҳори сипос намуда,  барои аҳли нишаст саломативу сарбаландӣ, хушҳолии рӯзгор, сулҳу амонӣ ва фазои орому осуда орзу намуданд.

ХАБАРНИГОРИ СОМОНА

126 comments 2583 нафар мутолиа намуданд
ADMIN

Хабарҳои охир  ADMIN

Шарҳ

We use cookies to improve our website. By continuing to use this website, you are giving consent to cookies being used. More details…

Joomla! Debug Console

Session

Profile Information

Memory Usage

Database Queries