Чоп намудани матн

ИШТИРОК ДАР КОНФЕРЕНСИЯИ XVІ-УМИ ИЛМӢ - АМАЛӢ ДАР ДДТТ БА НОМИ АБӮАЛӢ ИБНИ СИНО

30 Апрел 2021 Муаллиф :  

     30 - юми апрели соли равон дар Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон ба номи Абӯалӣ ибни Сино бахшида ба 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ (2019-2021) Конференсияи XVІ - уми илмӣ -амалии олимони ҷавон ва донишҷӯёни  ДДТТ ба номи Абӯалӣ ибни Сино дар мавзӯи «Проблемаҳои нави тиб ва роҳҳои ҳалли он»  баргузор гардид.

Боиси сарфарозист, ки дар кори Конференсия дар қатори дигар олимони Ҷумҳурии Тоҷикистон ва иштироки онлайнии  олимони давлатҳои хориҷӣ, инчунин 12 нафар омӯзгорону донишҷӯёни  Донишгоҳи давлатии тибби Хатлон иштирок ва бо маърӯзаҳои илмӣ баромад намуданд.

Мувофиқи натиҷаҳои Конференсия, донишҷӯи курси 5-уми факултети тиббии ДДТХ Фозилов Н.  барои маърӯзаи беҳтарин соҳиби дипломи дараҷаи III гардид.

Қобили зикр аст, ки 68 фишурдаи аз ҷониби олимони ҷавон ва  донишҷӯёни ДДТХ пешниҳодгардида дар Маҷмӯаи корҳои илмии конференсия ба табъ расидааст.

 ШУЪБАИ ИЛМ

ВА ИННОВАТСИЯ

0 Шарҳ 209 нафар мутолиа намуданд
ADMIN

Хабарҳои охир  ADMIN

We use cookies to improve our website. By continuing to use this website, you are giving consent to cookies being used. More details…

Joomla! Debug Console

Session

Profile Information

Memory Usage

Database Queries