Скачать шаблон Joomla с JooMix.org

ҲАМОИШИ ИЛМӢ - АДАБӢ БА ИФТИХОРИ 110 - СОЛАГИИ МИРЗО ТУРСУНЗОДА ДАР ДДТХ

30 Апрел 2021
Муаллиф :  

    30 апрели соли равон бо ибтикори кафедраи забонҳо ва китобхонаи донишгоҳ дар Донишгоҳи давлатии тиббии Хатлон бахшида ба 110 - солагии шоири шаҳири тоҷик, вассофи сулҳу дӯстӣ, Қаҳрамони Тоҷикистон Мирзо Турсунзода  ҳамоиши илмӣ - адабӣ баргузор гардид.

Ҳамоишро мудири кафедраи забонҳо Одинаев С.П. ифтитоҳ намуда, ҳозиринро ба муносибати 110 - солагии Мирзо Турсунзода табрику таҳният намуд.

Дар идомаи чорабинӣ муовини ректор оид ба тарбия ва фарҳанг Қурбонмамадов С.Х. дар мавзӯи «Мирзо Турсунзода – мунодии сулҳ» ва проффесори фахрии кафедраи забонҳо Должикова В.А. дар мавзӯи «Великий сын Таджикистана» маърӯзаи пурмуҳтаво намуданд.

Омӯзгори кафедраи фанҳои ҷомеашиносӣ Каримов М. достони «Ҷони ширин»-и Мирзо Турсунзодаро қироат намуд.

Дар идомаи чорабинӣ мудири кафедраи забонҳо Одинаев С.П., омӯзгори кафедраи мазкур Назиров Р.Р. ва мудири кафедраи фанҳои ҷомеашиносӣ Гулов А.А.  дар мавзӯҳои «Сухане чанд оид ба мақому шуҳрати Турсунзода», «Ҳаёт ва фаъолияти Мирзо Турсунзода» ва «Устод Турсунзода  ҳамчун чеҳраи сиёсӣ»  маърӯза  намуданд.

Дар анҷоми барнома донишҷӯён аз эҷодиёти Мирзо Турсунзода шеърҳо қироат намуда, ҳамзамон ба аҳли толор оид ба ҳаёт ва фаъолияти Мирзо Турсунзода викторина пешниҳод гардид.

Чорабиниро мудири кафедраи забонҳо Одинаев С.П. ҷамъбаст карда, қайд намуд, ки халқи тоҷик меҳнати фидокоронаи фарзандони бовафои худро ҳеҷ гоҳ фаромӯш нахоҳад кард.

КАФЕДРАИ ЗАБОНҲО,

КИТОБХОНА

851 comments 4600 нафар мутолиа намуданд
ADMIN

Шарҳ

Назари худро гузоред

Боварӣ ҳосил намоед, ки маълумоти заруриро (*) ворид созед. Коди HTML иҷозат дода намешавад.

Таърихи ДДТХ

Our partners
 

Тамос бо мо

МТД "Донишгоҳи давлатии тиббии Хатлон"

  • Суроға: н.Данғара, кӯчаи Исмат Шариф - 3
  • Телефон: +992 3312 21034
  • Факс: +992 3312 21035
  • Email: info@khatmedun.tj
  • Шуъбаи таҳлил, назорат ва робита бо ҷомеа: +992 3312 21029

Маводҳои муфид