Скачать шаблон Joomla с JooMix.org

ЧОРАБИНИИ ФАРҲАНГӢ БАХШИДА БА РӮЗИ ПАРЧАМИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

25 Ноябр 2020
Муаллиф :  

      24 ноябри соли ҷорӣ равон дар Донишгоҳи давлатии тиббии Хатлон бахшида ба Рӯзи Парчами Ҷумҳурии Тоҷикистон чорабинии фарҳангӣ - адабӣ бо иштироки омӯзгорон ва донишҷӯён баргузор гардид.

      Сараввал, аз ҷониби муовини ректор оид ба тарбия  ва фарҳанг Қурбонмамадов С.Х. табрикоти Ректори Донишгоҳи давлатии тиббии Хатлон д.и.т., профессор Убайдулло Қурбон ба муносибати Рӯзи Парчами Ҷумҳурии Тоҷикистон қироат гардид. Дар идомаи чорабинӣ композитсияи адабӣ - мусиқӣ таҳти унвони «Ҷовидон бодо парафшон!» ба намоиш гузошта шуд.

    Чорабинӣ аз қироати шеърҳо дар васфи Парчами давлатӣ, иҷрои сурудҳои дилнишин дар васфи Ватан ва рақсҳои миллии тоҷикӣ иборат буд.  Дастаи ҳунарии «Дурахшон» - и ДДТХ бо маҳорати хоса ҳунарнамоӣ намуданд.

   Дар анҷоми барномаи фарҳангӣ - адабӣ ба ташкилкунандагон ва таҳиягарони барнома барои дар сатҳи баланд баргузор намудани чорабинӣ изҳори сипос карда шуд.

 ХАБАРНИГОРИ СОМОНА

0 Шарҳ 128 нафар мутолиа намуданд
ADMIN

Назари худро гузоред

Боварӣ ҳосил намоед, ки маълумоти заруриро (*) ворид созед. Коди HTML иҷозат дода намешавад.

Таърихи ДДТХ

Our partners
 

Тамос бо мо

МТД "Донишгоҳи давлатии тиббии Хатлон"

  • Суроға: н.Данғара, кӯчаи Исмат Шариф - 3
  • Телефон: +992 3312 21034
  • Факс: +992 3312 21035
  • Email: info@khatmedun.tj
  • Шуъбаи таҳлил, назорат ва робита бо ҷомеа: +992 3312 21029

Маводҳои муфид