Скачать шаблон Joomla с JooMix.org

Табрикоти ректори ДДТХ, д.и.т., профессор Қурбон У.А. бахшида ба Рӯзи забони давлатӣ (5 октябри соли 2020)

05 Октябр 2020 Муаллиф :  

Устодон ва шогирдони арҷманд!

       Хушоянд аст, ки имрӯз мо ду иди бароямон муқаддас - Рӯзи омӯзгор ва Рӯзи забони давлатиро ҷашн гирифта истодаем. Ин ду ид бо ҳамдигар ниҳоят тавъам буда, яке дигареро ташаккул ва рушду нумӯ мебахшад. Ба ин муносибат тамоми ҳайати профессорону омӯзгорон ва донишҷӯёни донишгоҳро бо Рӯзи забони давлатӣ ва Рӯзи омӯзгор сидқан ва самимона табрику шодбош намуда, таманнои онро дорам, ки ҳамеша дар фазои сулҳу ваҳдати  кишвари азизамон хушрӯзу саодатманд бошед.

       Дар ҳама давру замонҳо забон яке аз сарчашмаҳои асосии истиқлолияти миллӣ маҳсуб ёфта, он ҳамчун яке аз рукнҳои давлатдорӣ дар пойдорӣ ва таҳкими давлати миллӣ нақши муҳимро бозидааст.  Аз қабул шудани Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон» имрӯз  31 сол сипарӣ мешавад. Мову Шумо шоҳидем, ки дар ин давра чӣ қадар муваффақиятҳо ба даст овардаем. Акнун забони мо дигар он забони заифу махлутшуда бо вожаҳои ғайр, сухани мо иборат аз лафзҳои дағалу  гӯшхарош нест. Ҷойи хушӣ ва ҳатто ифтихор аст, ки ин сарвати бебаҳо, муқаддас ва ноёби миллатро на танҳо ҳифз карда тавонистем, балки ҷароҳатҳои марговари онро шифо бахшида, то ҳадде  тавонмандаш сохтем.

       Боиси хушиҳост, ки аз минбарҳои бонуфузи ҷаҳонӣ мисли Созмони Милали Муттаҳид Пешвои миллат, Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон дар ҷаласаҳои бошукуҳи байналмилалӣ бо ин забони ширин  суханрониҳо намуда, аз вуҷуди ин миллати қадимабунёд мужда расониданд.  Дар тамоми ҷанбаҳои ҳаёти ҷомеаи мо имрӯз забони тоҷикӣ рушду нумӯ ва равнақ ёфтаву мақоми сазоворро касб намудааст. Коргузорӣ,  мукотиботу муоширати сатҳи байналмилалӣ, ҷумҳуриявӣ,  байни вазорату идораҳо ва муассисаҳо бо забони давлатӣ сурат мегирад. Дар гуфтору навишти мардум низ падидаҳои накӯ ба назар мерасанд. Муҳимтар аз ҳама ин аст, ки дӯстдории забон самимӣ буда, боварӣ ба нерӯву тавони он бештар шудааст. 

      Имрӯз масъалаи тавонбахшии забони модарӣ барои ҳар як фарди ватанхоҳу ватанпараст ҳам фарз асту ҳам суннат, зеро миллате, ки забон надорад, миллати комил нест ва ҳуқуқи маънавии соҳибистиқлол буданро надорад.

      Бояд ёдовар шуд, ки маҳз бо ташаббуси Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон   Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон» таҷдиди назар ва   такмил дода шуд. 

      Ҳамин буд, ки рӯзи 3 октябри соли 2009 бо Қарори Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон  Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон» баррасӣ ва ҷонибдорӣ карда шуд. Дар Қонуни нав татбиқи забони давлатӣ хеле ҷиддӣ ва дар ҳама ҷанбаҳои зиндагии ҷомеа пешбинӣ шудааст ва баҳри амалӣ намудани  ин мақсад Ҳукумати мамлакат корҳои зиёдеро ба субут расонидааст.

        Бешак, тоҷикон дар миёни халқияти сершумори олам аз ҷумлаи миллатҳои соҳибтамаддунест, ки забони адабии қадимиашро маҳфуз дошта, имрӯз низ осори садҳо шоирону адибони гузаштаашро бе душворӣ мефаҳманд ва дар гуфтугӯи ҳаррӯзаашон истифода менамоянд. Дар марҳилаи дигаргунсозиҳо ва таҳаввули забонҳои гуногуни олам кам забонеро дучор омадан мумкин аст, ки мисли забони тоҷикӣ баъди гузаштани даҳ аср ба насли имрӯз фаҳмо бошад.

    Ин нукта гувоҳи он аст, ки забони тоҷикӣ бо шевотарин маъниҳо, ширинтарин таркиботу ибораҳо, истилоҳоти гуногуни илмӣ, бахусус ширинӣ ва рангу таровати миллӣ дар таърихи тамаддуни тоҷикон мақоми муносиб ёфтааст.                             

    Миллати тоҷик бо вуҷуди беадолатиҳои таърих рисолати инсондӯстию фарҳангпарварии  худро нигоҳ дошта, барои ҳифзи истиқлолияти фарҳангӣ ва забони шевои модарии худ ҷаҳду талошҳо намудааст. Ҳанӯз соли 1926 дар даврае, ки забони тоҷикӣ ҳамчун рукни ифодакунандаи номи миллат ва давлати соҳибистиқлоли тоҷикон пазируфта мешуд, устод Садриддин Айнӣ бо навиштани «Намунаи адабиёти тоҷик» собит намуд, ки забони адабии тоҷик дар ташаккули тамаддуни ҷаҳонӣ саҳми арзанда дорад. Дар замони соҳибистиқлолӣ бошад, рисолати забони тоҷикӣ боло рафта, манзалати он ба ҳадди забони давлатӣ расид, ки ин мояи ифтихори ҳар яки мо буда, месазад, ки барои ҳимоя аз арзишҳо ва манофеи фарҳангии он ҳамарӯза ҷаҳду талош намоем.  

Маълум менамоям, ки Донишгоҳи давлатии тиббии Хатлон дар роҳи татбиқ намудани Қонуни ҶТ «Дар бораи забони давлатии ҶТ» аз рӯзҳои аввали таъсисёбии худ ҷиҳати татбиқи  қарори мазкур ҷидду ҷаҳд мекунад, то дар ин самт кори назаррасеро анҷом диҳад.

Ҳозирини гиромӣ!

 Дар воқеъ, омӯзгор дар ҳама давраҳо машъалафрӯзи ҷомеа ба ҳисоб рафта, ба зиммаи ӯ масъулияти басо бузург ва пуршараф - таълиму тарбияи насли наврас вогузор карда шудааст. Маҳз фаъолияти пурсамари омӯзгор метавонад ояндаи дурахшони мардуми ҳар сарзаминро дар ҳар давру замон таъмин намояд. Бузургиву шаҳомати омӯзгор ва то чӣ андоза муҳим будани рисолати ӯро сардафтари адабиёти классики форсу тоҷик, устод Абӯабдуллоҳи Рӯдакӣ дар ашъори худ хеле моҳирона ба қалам додааст, ки:

Агар дар ҷаҳон набвад омӯзгор,

Шавад тира аз бехирад рӯзгор.

     Албатта, омӯзгор чароғи маърифат, нуру эҳёи миллат ба ҳисоб рафта, тамоми пешравӣ ва шукуфоии миллату давлат аз маърифату дониши ҳар як омӯзгор сарчашма мегирад.

Саломат бошед!

0 Шарҳ 163 нафар мутолиа намуданд
ADMIN

Назари худро гузоред

Боварӣ ҳосил намоед, ки маълумоти заруриро (*) ворид созед. Коди HTML иҷозат дода намешавад.

Таърихи ДДТХ

Our partners
 

Тамос бо мо

МТД "Донишгоҳи давлатии тиббии Хатлон"

  • Суроға: н.Данғара, кӯчаи Исмат Шариф - 3
  • Телефон: +992 3312 21034
  • Факс: +992 3312 21035
  • Email: info@khatmedun.tj
  • Шуъбаи таҳлил, назорат ва робита бо ҷомеа: +992 3312 21029

Маводҳои муфид