ТАЪЗИЯ
Раёсат, ҳайати профессорону омӯзгорон ва донишҷӯёни Донишгоҳи давлатии тиббии Хатлон ба омӯзгори кафедраи акушерӣ ва гинекологӣ Сармисоқова Холида Ҷойлобовна барои марги
ҚИБЛАГОҲАШ
ҳамдардӣ баён намуда, ба ӯ ва наздикону пайвандонаш сабри ҷамил хоҳонанд.
РАЁСАТИ ДДТ
ЧОРАБИНИИ ИДОНА БАХШИДА БА СОЛИ НАВИ МЕЛОДИИ 2023
31-уми декабри соли 2022 дар Донишгоҳи давлатии тиббии Хатлон бахшида ба соли нави мелодӣ чорабинии тантанавӣ баргузор гардид.
Сараввал ректори ДДТХ доктори илмҳои тиб, профессор Убайдулло Қурбон ҳозиринро ба фарорасии соли нави 2023 табрику таҳният намуда, оид ба дастовардҳои донишгоҳ суханронӣ намуданд.
Дар идомаи чорабинии идона аз ҷониби дастаи ҳунарии “Дурахшон” барномаи мусиқии хеле дилнишин, саҳначаҳои ҳаҷвӣ ва бозиҳои шавқовари солинавӣ ба намоиш гузошта шуд. Аҳли толор аз тамошои барнома ба ваҷд омаданд.
Дар анҷоми чорабинии фарҳангӣ профессор Убайдулло Қурбон ба ташкилкунандагон ва тањиягарони барномаи солинавӣ барои дар сатҳи баланд баргузор намудани чорабинии мазкур изҳори сипос намуда, барои аҳли нишаст саломативу сарбаландӣ орзу намуданд.
ХАБАРНИГОРИ СОМОНА
БА ФОНДИ КИТОБХОНАИ ДДТХ КИТОБИ НАВ ВОРИД ГАРДИД
Дусад адад китоби “Андешаҳои дунявӣ дар адабиёти классикии форсу тоҷик” ба фонди китобхонаи Донишгоҳи давлатии тиббии Хатлон ворид гардид.
Китоби мазкур андешаи олимони тоҷику форс оид ба тарғиби андешаҳои дунявӣ ва инсонпарваронаву ҳаётдӯстона дар бар гирифта, ташаккули андешаи солимро барои ҳар як ҷӯяндаи роҳи фатҳи қуллаи мақсуд ҳидоят менамояд. Истифода аз китоби мазкур дар кафедраҳои забонҳо, фанҳои ҷомеашиносӣ ва дарсҳои кураторӣ хеле муфид хоҳад буд.
КИТОБХОНА
МАҲФИЛ: “БЕМОРИИ СИЛ ВА АЛОМАТҲОИ ОН. МУБОРИЗА БАР ЗИДДИ ПАҲНШАВИИ БЕМОРИИ СИЛ”
28 - уми декабри соли равон дар кафедраи бемориҳои сироятӣ ва дерматовенерология аз ҷониби ризокорони кафедра дар мавзуи “Бемории сил, аломатҳо ва мубориза бар зидди он” маҳфили илмӣ гузаронида шуд.
Дар маҳфил мудири кафедраи мазкур Исоева Б.И., омӯзгорони кафедра ва донишҷӯёни курсҳои шашум иштирок карданд.
Донишҷӯи курси шашуми факултети педиатрӣ Саидзода А. оид ба бемории сил ва аломатҳои он, табобат ва пешгирии паҳншавии бемории сил маълумоти мушаххас дод.
Пас аз маърӯза байни донишҷӯён мубоҳисаи илмӣ баргузор гардид. Омӯзгорони кафедра Қаҳоров И.М. ва Фаридов А. оид ба мавзуъ суҳбат намуда, ҷавобҳои донишҷӯёнро пурра ва мукамал намуданд.
КАФЕДРАИ БЕМОРИҲОИ СИРОЯТӢ
ВА ДЕРМАТОВЕНЕРОЛОГИЯ
ШИНОНДАНИ ДАРАХТОН АЗ ҶОНИБИ ОМӮЗГОРОН ВА ДОНИШҶӮЁНИ ДДТХ
Аз ҷониби кафедраи бемориҳои сироятӣ ва дерматовенерология дар назди муассисаи давлатии Беморхонаи вилоятии клиникии бемориҳои сироятӣ 8 бех ниҳоли ҳамешасабзи арча ва сад бех гули садбарг шинонда шуд. Ин аз як тараф агар боиси зебогии гирду атрофи бино гашта бошад, аз ҷониби дигар экологияро тоза нигоҳ медорад.
Мудири кафедраи мазкур Исоева Б.И. қайд намуд, ки омӯзгорони кафедра ва донишҷӯёни курсҳои шашуми ДДТХ дар шинондани дарахтони саҳмгузор мебошанд.
Бояд қайд кард, ки дарахтон ва гулҳо аз ҷониби маъмурияти хоҷагидории ДДТХ таъмин карда шудааст.
ХАБАРНИГОРИ СОМОНА
БАРГУЗОРИИ ШАНБЕГИҲО ДАР ГИРДУ АТРОФИ ДДТХ
Дар Донишгоҳи давлатии тиббии Хатлон ҳамеша барои тоза нигоҳ доштани гирду атрофи донишгоҳ ва хобгоҳи донишҷӯён аз ҷониби масъулон бо иштироки кормандони хоҷагӣ ва донишҷӯён корҳои ободониву созандагӣ гузаронида мешаванд. Асосан рӯзҳои шанбе кори муташаккилонаи аҳли донишгоҳ хеле назаррас аст. Рӯбучин ва гирд овардани партовҳо, суст кардани бехи гулҳо ва дарахтон, ба тартиб овардани дарахтони ороишӣ маҳз дар рӯзи шанбе сурат мегирад.
Ин аст, ки гирду атрофи донишгоҳ ва хобгоҳи донишҷӯён ҳамеша тозаву озода буда, бинобар кабудизор будани гирдогирди он ҳамеша сабз мебошад, ки ин ба зебогии донишгоҳ ҳусни дигар зам мекунад.
ХАБАРНИГОРИ СОМОНА