Скачать шаблон Joomla с JooMix.org

Дар кафедраи беҳдошт ва эпидемиология маҳфили илмии донишҷӯён бо номи “Беҳдошти умумӣ” баргузор гардид. Маҳфилро мудири кафедра н.и.т. Насриддинов А.А. ифтитоҳ бахшида, ҳамзамон қайд намуд, ки дар соли таҳсили 2023-2024 ин нахустин ҷамъомади маҳфили мазкур мебошад ва он ба мавзуи “Ғизои солим ва нақши он дар саломатии инсон” бахшида шудааст. Ин беҳуда нест, чунки маҳз ғизои солим дар нигоҳдории тандурустӣ ва солимии инсон нақши боризе дорад.

Донишҷӯи гурӯҳи 405-уми факултети тиббӣ Фузулзода Меҳрона тариқи презентатсия оид ба ғизои солим ва нақши он дар организми инсон далелу маълумотҳои аҷиберо ба ҳозирин пешкаш намуданд. Ҳамзамон намудҳои гуногуни маводи ғизоӣ ва хусусиятҳои шифобахшии онҳо таҳлил карда шуданд. Аъзои маҳфил тибқи қуръакашӣ ба се даста тақсим карда шуданд. Сараввал ба ҳар як даста кроссворд бо саволҳо аз беҳдошти умумӣ пешниҳод карда шуда, барои пур кардани он як дақиқа вақт дода шуд. Ба кроссвордҳои пешниҳодшуда ҳайати доварон баҳо доданд. Сипас ба ҳар як даста саволҳо пешниҳод карда шуданд, ки баъди машврату мубоҳисаҳо як нафар аъзои даста ба саволҳо ҷавоб дод. Ҷавоби ҳар як даста аз ҷониби мудири кафедра баҳогузорӣ карда шуд.  Сипас аз ҳар даста як нафарӣ аз даруни зарфе ба воситаи ламскунӣ номи маводи ғизоиро муайян мекарданд ва дар мавриди дуруст муайянкунӣ дар бораи он маълумот медоданд.

Ба ҳамин тариқ, маҳфили нахустин бо як руҳияи болидаи ҳам омӯзгорону ҳам донишҷӯён баргузор гардида, ҳар як аъзои даста барои ҷавобҳои мушаххасу пухта додан саъю талош мекарданд. Дар охир мудири кафедра Насриддинов А.А. маҳфилро ҷамъбаст намуда, аз иштироки фаъолонаи донишҷӯён ва омӯзгорон изҳори қаноатмандӣ намуд.

Шуъбаи таълим.

Санаи 18-уми октябри соли 2023 бо иштироки намояндагони Ташкилоти умумиҷаҳонии тандурустӣ дар Донишгоҳи давлатии тиббии Хатлон «Озмоишгоҳи таълимӣ-амалии вирусологӣ» ифтитоҳ гардид. Ҷиҳати ифтитоҳи расмии ин озмоишгоҳи нав Роҳбари намояндагии Ташкилоти Умумиҷаҳонии Тандурустӣ дар Тоҷикистон - Виктор Олшевский, корманди техникӣ оид ба масъалаҳои лабораторӣ, ҳифзи биологӣ ва амнияти биологии Бюрои Аврупоии ТУТ - Джоанна Зветиенга, корманди техникии лабораторияҳои Қароргоњи ТУТ - Узма Башир, коршиносон оид ба арзебии берунии назорати сифат дар лабораторияи миллӣ - Ҷалилова Гулноз ва Ковалчук Татяна ба донишгоҳ ташриф оварданд.

Намояндагонро муовини ректор оид ба таълим ва корҳои методӣ дотсент Аҳмадиён Ш.Р. расман қабул намуд. Ҳайати намояндагон нахуст дар ошёнаи якуми Бинои асосӣ аз намоиши дастовардҳои донишҷӯёну омӯзгорони донишгоҳ, толори китобхона ва китобхонаи электронӣ дидан намуданд. Сипас дар ошёнаи якуми Бинои В, дар вазъияти тантанавӣ «Озмоишгоҳи таълимӣ-амалии вирусологӣ» мавриди истифода қарор дода шуд. Озмоишогоҳ аз 8 ҳуҷра иборат буда, бо навтарин таҷҳизоти озмоишиву таълимӣ муҷаҳҳаз гардонида шудааст. Инчунин як синфхонаи таълимӣ бо 20 ҷойи нишастро низ доро мебошад. Дар Озмоишгоҳ минбаъд ташхиси умумии озмоишгоҳии хун, ташхиси умумии пешоб, ташхиси балғам барои дарёфти чубчамикроби сил, ташхиси озмоишгоҳии имуносерологии хушки ковид -19 ва ВНМО, ташхисҳои наҷосат барои дарёфти гелминтҳо ва содатаринҳо ба роҳ монда мешавад. Донишҷӯён дар ин озмоишгоҳ метавонанд аз омилҳои муҳити атроф ва аксуламали организм ба онҳо, тафсири натиҷаҳои таҳқиқоти сотсиологӣ, беҳдоштӣ, идемиологӣ, микробиологӣ, вирусологӣ ва иммунологӣ бархӯрдор гарданд ва стратегияҳо, методу усулҳо ва технологияҳои навро, ки ба татбиқи саломатии аҳолӣ равона шудааст, мавриди омӯзиш қарор диҳанд.

Муовинати таълим,

шуъбаи равобити байналмилалӣ.

Санаи 13-14-уми октябри соли 2023 дар Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон бо ҳамкории Бунёди Меҳрафзуни Фирузгар ва Обтини Сосонфар (Швейтсария), Анҷумани Рудакӣ (Фаронса), Анҷумани тарвиҷи забону адаби форсии шуъбаи Хуросон, Хирадсарои Фирдавсӣ, Қутби илмии Фирдавсӣ (Ҷумҳурии Исломии Эрон), Донишгоҳи Куруш (Калифорнияи ИМА) ба муносибати бузургдошти Фирдавсӣ дуввумин конфронси байналмилалии илмӣ-амалӣ дар мавзуи "Ҷуғрофиёи таърихӣ ва фарҳангии "Шоҳнома"-и Фирдавсӣ баргузор гардид.

Дар конфронс олимону муҳаққиқони соҳа аз Фаронса, Британия, Покистон, Эрон, Канада, Русия, Узбекистон, Тоҷикистон ва дигар кишварҳо ширкат варзида, маърузаҳои илмии худро перомуни шинохти Фирдавсӣ ва “Шоҳнома”-и ӯ пешниҳод намуданд.

Аз Донишгоҳи давлатии тиббии Хатлон дотсенти кафедраи забонҳо, номзади илмҳои филологӣ Қурбонмамадов С.Х. бо маъруза дар ин ҳамоиши илмии байналмилалӣ ширкат варзид.

Муовинати илм ва нашрия.

Дар оғози соли таҳсили 2023-2024 бо иқдоми Кумитаи забон ва истилоҳоти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон 14-номгӯйи китоб бо теъдоди 414-нусха ба Китобхонаи Донишгоҳи давлатии тиббии Хатлон чун туҳфа ворид гардид. Муҳтавои асосии китобҳои воридгардида масъалаҳои забоншиносӣ, сиёсати давлатӣ дар бораи забон, мақоми забони тоҷикӣ дар муносибатҳои байналмилалӣ ва амсоли инҳо мебошад.

Ҳамзамон, дар доираи лоиҳаи “Беҳтар кардани хӯроки модарон, навзодон ва кӯдакон дар деҳоти Тоҷикистон” (Improved Maternal, Infant and Child Nutrition in Rural Tajikistan, MICN) аз ҷониби намояндагии барномаи Олмонии GIZ дар Тоҷикистон ба китобхонаи донишгоҳ 60 адад дастури таълимӣ  бо забони русӣ  ва 60 адад бо забони тоҷикӣ, 50 адад модул барои муаллимон бо забони русӣ ва 120 адад бо забони тоҷикӣ, 50 адад модул барои шунавандагон бо забони русӣ ва 120 адад бо забони тоҷикӣ дар самти “Ғизои солим барои навзодон, кӯдакон ва модарон” ворид гардид, ки дар маҷмуъ 460 ададро ташкил медиҳанд. 

Китобҳои воридгардида ҷиҳати омӯзиши нозукиҳои илми тиб ва, ҳамзамон, масъалаҳои покизагии забон барои ҳайати профессорону омӯзгорон ва донишҷӯён аҳаммияти бузурги илмӣ ва амалиро доро мебошанд.

Китобхонаи ДДТХ.

Душанбе, 16 Октябр 2023 00:00

СӮГВОРӢ

Рузи 15-уми октябри соли 2023 риштаи умри ҷавони донишҷӯи курси 2-юми факултети педиатрӣ Қулматова Гулноза Чориевна ногаҳон канда шуд. Ин хабари ҷонкоҳ дили ҳамаи пайвандон, ҳамсабақон ва аҳли Донишгоҳи давлатии тиббии Хатлонро реш кард.

Қулматова Гулноза Чориевна 9-уми июни соли 2001 дар ҷамоати деҳоти Оқсу, Деҳаи Файзбахши ноҳияи Данғара таваллуд шудааст.

Соли 2022 баъди хатми Коллеҷи тиббии ноҳияи Данғара бо ихтисоси кори ҳамширагӣ ба факултети педиатрии Донишгоҳи давлатии тибии Хатлон дохил шуда буд.

Даргузашти чунин як толибилме, албатта, худ фоҷиаи сахтест барои ҳамаи дардошноён чунки он заволи ормонҳои ношикастаи Гулнозаи ҷавонмарг мебошад.

 Раёсати ДДТХ, ҳайати профессорону омӯзгорон ва донишҷӯён аз марги бармаҳали Қулматова Гулноза сахт андуҳгин буда, ба волидайн ва хешу пайвандони марҳум тасалият  изҳор менамоянд ва барои эшон сабри ҷамил хоҳонанд.

Бе ғам набувад диле агар гил набувад,

Ғам низ зи марги ногаҳон ғамгин аст.

Санаи 4-уми октябри соли 2023 сафири Ҷопон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Тошиҳиро Аики аз Донишгоҳи давлатии тиббии Хатлон боздид ба амал оварданд, ки ҳадафи асосии он аз наздик шинос шудан аз шароити таълимию таҷрибавӣ донишгоҳ ба шумор меравад.

Сафири Ҷопон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Тошиҳиро Аики ва  намояндагони сафорати Ҷопон дар ҶТ-ро муовини ректор оид ба корҳои таълимӣ ва методӣ Аҳмадиён Ш.Р. расман қабул намуда, аз фаъолияти таълимиву тарбиявӣ, илмиву муолиҷавӣ, шароитҳою имкониятҳои донишгоҳ меҳмононро аз наздик шинос намуд. Ҳайати намояндагон аз толори хониш,  китобхонаи электронӣ, "Маркази омӯзиши симулятсионӣ (МОС)", толори фарҳангӣ дидан намуданд.

Сафири Ҷопон дар китоби меҳмонони фахрии ДДТХ имзо гузошта, барои истиқболи гарму самимӣ ба Раёсати донишгоҳ изҳори сипос намуданд.

Шуъбаи равобити байналмилалӣ.

Page 7 of 127

Таърихи ДДТХ

Our partners
 

Тамос бо мо

МТД "Донишгоҳи давлатии тиббии Хатлон"

  • Суроға: н.Данғара, кӯчаи Исмат Шариф - 3
  • Телефон: +992 3312 21034
  • Факс: +992 3312 21035
  • Email: info@khatmedun.tj
  • Шуъбаи таҳлил, назорат ва робита бо ҷомеа: +992 3312 21029

Маводҳои муфид