ТАҶЛИЛИ РӮЗИ КОНСТИТУТСИЯИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ДАР ДДТХ
Санаи 4-уми ноябри соли 2023 дар Донишгоҳи давлатии тиббии Хатлон бахшида ба 29-умин солгарди қабули қонуни асосӣ ва сарнавиштсози давлату миллат - Рӯзи Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши илмӣ-адабӣ баргузор гардид.
Чорабинии мазкурро муовини ректор оид ба илм ва нашрия дотсент Боронов Ҳ.А. ҳусни оғоз бахшида, нутқи табрикотии Ректори донишгоҳ, д.и.т., профессор Убайдулло Қурбонро қироат намуд.
Сипас мудири кафедраи ҷомеашиносӣ, н.и.ф., Гулов А.А., омӯзгори кафедраи ҷомеашиносӣ н.и.с. Давлатова Г. аз муҳиммияти ин қонун, таърихи қабул ва тағйиру илова ба Конститутсияи ҶТ, нақши он дар давлатдорӣ ва дигар паҳлуҳои он маъруза намуданд. Донишҷӯён порчаҳои насриву назмиро дар ситоиши ватану меҳан, аҳаммияти қонун, рисолати Конститутсия қироат намуданд.
Аъзои дастаи ҳунарии “Дурахшон”-и донишгоҳ бо суруду таронаҳои диловез ва саршор аз меҳру муҳаббат нисбат ба Ватан, Тоҷикистони азиз, ба чорабинӣ ҳусни тозатар бахшиданд.
Бо сухани ҷамъбастӣ, муовини ректор оид ба илм ва нашрия дотсент Боронов Ҳ.А. аз номи Раёсати донишгоҳ ба масъулини чорабинӣ барои дар сатҳи баланд баргузор намудани он изҳори сипос намуда, аҳли нишастро дигарбора бо Рузи Конститутсияи ҶТ табрику таҳният намуд.
Кафедраи ҷомеашиносӣ.
МУСОБИҚАИ ВАРЗИШӢ БАХШИДА БА РӮЗИ КОНСТИТУТСИЯИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН БАЙНИ ДОНИШҶӮЁН
Дар асоси Нақша-чорабиниҳои муовинати тарбия ва фарҳанги ДДТХ оид ба баргузории мусобиқаҳои варзишӣ бахшида ба Рӯзи Конститутсияи ҶТ байни донишҷӯёни факултети тиббӣ, педиатрӣ ва стоматологӣ мусобиқаи варзишӣ аз рӯйи намуди “Футболи хурд” ташкил ва баргузор карда шуд.
Мусобиқа аз санаи 03.10.2023 оғоз шуда, аз рӯйи қоида ва талаботҳои амалкунандаи намуди варзиши футболи хурд ва ҷадвали даврии дастаҳо гузаронида шуд. Ташкил ва назорат намудани раванди мусобиқаро бевосита шуъбаи кор бо ҷавонони донишгоҳ дар ҳамоҳангӣ бо деканати факултетҳо, шуъбаи тарбия ва фарҳанг ва КИКК ва Д ба зимма гирифта буд.
Санаи 31.10.2023. даври ниҳоии мусобиқа ҷамъбаст гардида, дар натиҷа дастаи футболбозони гурӯҳи 401-и факултети стоматолгӣ сазовори ҷойи аввал, дастаи футболбозони гурӯҳи 507-и факултети педиатрӣ сазовори ҷойи дуюм ва дастаи футболбозони гурӯҳи 402-и факултети тиббӣ сазовори ҷойи 3-юм гардиданд. Ғолибон аз тарафи намояндагони Раёсати донишгоҳ бо медалу ифтихорномаҳо сарфароз гардонида шуданд.
Шуъбаи кор бо ҷавонони донишгоҳ.
ҶАЛАСАИ НАВБАТИИ ШУРОИ ОЛИМОН
Санаи 28-уми октбяри соли 2023 ҷаласаи навбатии Шурои олимон доир гардид. Тибқи рӯзнома дар ҷаласа масъалаҳои ҳисобот оид ба фаъолияти муовинати тарбия ва фарҳанг дар соли таҳсили 2022-2023, маълумот оид ба амалишавии Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи забони давлатӣ” дар ДДТХ, ахбор оид ба фаъолияти Комиссияи доимамалкунандаи дохилиидоравӣ оид ба пешгирии амалҳои коррупсионӣ дар ДДТХ шунида ва мавриди баррасӣ қарор дода шуданд.
Муовини ректор оид ба тарбия ва фарҳанг, н.и.ф., дотсент Қурбонмамадов С.Х. оид ба фаъолияти муовинати тарбия ва фарҳанг дар соли таҳсили 2022-2023, корҳои дар ин самт иҷрошуда ва камбудиҳои ҷойдошта ҳисобот дода, вазифа ва дурнамои муовинатро пешниҳод намуд.
Муовини раиси Комиссияи донишгоҳӣ Одинаве С.П. оид ба амалишавии Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи забони давлатӣ” дар донишгоҳ маълумот дода, ҷиҳати назорат ва беҳтар ба роҳ мондани кори комиссия, риояи меъёрҳои забони адабӣ ва тозаву беолоши нигоҳ доштани забони давлатӣ минбаъд низ чораҳои амалӣ андешиданро таъкид намуд.
Вобаста ба масъалаи фаъолияти Комиссияи доимамалкунандаи дохилиидоравӣ оид ба пешгирии амалҳои коррупсионӣ дар ДДТХ мушовири ректор Азизуллоев А.А. ахбор пешниҳод намуда, қайд намуд, ки минбаъд низ суҳбату вохӯрӣ ва корҳои фаҳмондадиҳӣ дар ин самт зиёдтар карда шаванд.
Дар масъалаҳои гуногун мактуби Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба риояи “Дастурамали либосҳои тавсиявӣ дар мактабҳои олӣ” низ корбарӣ гардида, инчунин, “Дар бораи тасдиқи мавзуи унвонҷӯи кафедраи фанҳои ҷарроҳӣ №1, Сангов Муҳаммад Бегиҳмадович ва “Дар бораи тасдиқи мавзуи унвонҷӯи кафедраи акушерӣ-гинекологӣ ва тибби оилавӣ Қурбонова Парвина Қурбоналиевна қарори Шурои олимон қабул карда шуд.
Раиси Шурои олимон масъалаҳои дар ҷаласа баррасишударо таҳлилу хулосабарорӣ намуда, барои иҷрои босифати корҳо дар самтҳои зикршуда ба масъулон дастури мушаххас дод.
Хабарнигори сомона.
ҶАЛАСАИ НАВБАТИИ ШУРОИ ОЛИМОН
Санаи 27-уми сентябри соли 2023 ҷаласаи навбатии Шурои олимон баргузор гардид. Нахуст Раиси Шурои олимон д.и.т., профессор Убайдулло Қурбон ҷиҳати сазовор пешвоз гирифтани Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни ифтитоҳи Бинои асосии Донишгоҳи давлатии тиббии Хатлон ва баргузор гардидани “Рӯзи Дониш ва Дарси сулҳ” ба тамоми тамоми ҲПО, роҳбарони сохторҳо ва аҳли кормандон изҳори миннатдорӣ намуда, онҳоро бо “Сипоснома” қадрдонӣ намуд.
Ҳамзамон, Раиси Шуро мудири кафедраи забонҳо - Одинаев Сайдаҳмад Полвоновичро бо 65-умин баҳори умр ва омӯзгори кафедраи фанҳои ҷомеашиносӣ - Давлатова Гулрухсорро ҷиҳати ҳимояи рисолаи илмӣ ва гирифтани Дипломи номзадӣ аз номи ҳайати Шурои олимон табрику таҳният намуд.
Сипас тибқи рӯзнома кори ҷаласа ба роҳ монда шуд. Муовини ректор оид ба таълим ва корҳои методӣ, н.и.с., дотсен аҳмадиён Ш.Р. оид ба “Фаъолияти муовинати таълим ва иҷрои корҳои методӣ” ҳисобот дода, муваффақият ва камбудиҳои дар ин самт ҷойдоштаро мавриди баррасӣ ва пешниҳоди аъзои Шурои олимон гардонид.
Оид ба ҳолати омодагӣ ба давраи тирамоҳу зимистонгузаронии соли таҳсили 2023-2024 муовини ректор оид ба корҳои маъмурӣ ва хоҷагидорӣ Камолов Д.Ғ. маълумот дод.
Вазъи таъмини ҲПО ва донишҷӯёни донишгоҳ бо хобгоҳ ва манзилҳои иҷоравиро раиси КИКК ва Д. Раҳимов Х.С. мавриди баррасӣ қарор дода, иҷро гардидани дархостҳои донишҷӯён ва омӯзгорон бо хобгоҳ ва манзили истиқоматиро мусбат арзёбӣ намуд.
Дар масъалаҳои гуногун як қатор қарорҳои Шурои олимон қабул гардида, ҳамзамон, аз ҷониби Раиси Шуро беҳтару хубтар ба роҳ мондани фаъолияти донишгоҳ таъкид карда шуд.
Дар ҷамъбаст, Раиси Шуро дар ду ҷилд бо хати криллӣ нашр гардидани китоби “Захираи Хоразмшоҳӣ”-и Исмоил Ҷурҷонӣ, ки фармоишгари он худи донишгоҳ ба ҳисоб мерафт, хушхабар дода, изҳор дошт, ки ин китоби нодир дар доираи иҷрои нақшаҳои бахшида ба 35-умин солгарди Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва 10-солагии ДДТХ ба нашр расонида шуд.
Хабарнигори сомона.
ШОҲҶОИЗА МУБОРАК, ҶАҲОНГИР ДАДОҶОНОВ!
Бо ташаббуси бевоситаи Асосгузори сулҳу ваҳадати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар баробари дигар озмунҳо давоми се сол аст, ки озмуни ҷумҳуриявии "Илм - фурӯғи маърифат" дар сатҳи баланд баргузор гардида истодааст.
Мақсад аз ташкил ва баргузории озмун ин пеш аз ҳама амалисозии «Бистсолаи омӯзиш ва рушди фанҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ дар соҳаи илму маориф» (солҳои 2020-2040) ва ҷиҳати рушди тафаккури техникӣ, васеъ намудани ҷаҳонбинии илмӣ, дастрасӣ пайдо намудан ба техникаву технология, тавсеаи ихтироъкорӣ ва навоварӣ, пайвасти илм бо истеҳсолот, ҷалби бештари хонандагону донишҷӯён ва дигар қишрҳои ҷомеа ба омӯзиши фанҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ, инчунин дарёфти истеъдодҳои нав дар ин самт мебошад. Донишгоҳи давлатии тиббии Хатлон низ дар давоми се сол дар ин озмун ширкати фаъол дошта, ҷойҳои намоёнро низ соҳиб гардид.
Санаи 28-уми октбяри соли 2023 озмуни ҷумҳуриявии "Илм-фурӯғи маърифат" ҷамъбаст гардид ва ғолибони озмун муайян ва муаррифӣ гардиданд. Шоҳҷоизаи озмун бошад насиби ассистенти кафедраи фанҳои ҷарроҳии №1-и Донишгоҳи давлатии тиббии Хатлон - Дадоҷонов Ҷаҳонгир гардид. Зикр бояд кард, ки дар давоми се соли баргузории озмуни мазкур имсол аввалин маротиба нафаре пайдо шуд, ки Шоҳҷоизаро соҳиб гардад.
Қайд бояд кард, ки Дадоҷонов Ҷаҳонгир аз рӯйи номинатсияи инхтирокорӣ дар озмун ширкат варзид ва ихтирооти пешниҳоднамудаи ӯ дар самти микроҷарроҳии реконструктивӣ-пластикӣ масъалаи актуалӣ буда, он оид ба тарзи реконструксияи сегменти болоии суфраи гуш дар беморони дорои дефекти постравматикии сегменти болоии суфраи гуш таҳия шудааст. Бартарии ихтироот дар он аст, ки ҳангоми бартарафсозии дефекти сегменти болоии суфраи гуш трансплантати аутокартилаҷии худи суфраи гуш истифода шуда, ҷудокунии фатсияи чакка дар шохчаи ramus parietalis arteria temporalis superficialis бо пӯшонидани ҳамин трансплантат ба роҳ монда шудааст ва дефекти сегменти болоии суфраи гуш дар як марҳилаи ҷарроҳӣ бартараф карда шудааст.
Дадоҷонов Ҷаҳонгир зодаи ноҳияи Ашти вилояти Суғд буда, соли 2012 Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон ба номи Абуали ибни Сино, соли 2013 интернатура ва соли 2016 ординатураи клиникиро муваффақона хатм намуд.
Бо таъсис ёфтани Донишгоҳи давлатии тиббии Хатлон соли 2016 Дадоҷонов Ҷаҳонгир ҳамроҳи роҳбарият ва дигар кормандони донишгоҳ ба ноҳияи Данғараи вилояти Хатлон омада, ба ҳайси ассистенти кафедраи морфология ва физиологияи одам ба кор оғоз намуд ва сипас ассистенти кафедраи муолиҷавӣ ва баъдан ассистенти кафедраи фанҳои ҷарроҳӣ шуда, то ба ҳол бо масъулияти ба худ хос иҷрои вазифа намуда истодааст. Ҳамзамон, аз рӯзҳои аввал чун духтури ҷарроҳ дар Беморхонаи ҷумҳуриявии клиникии воқеъ дар ноҳияи Данғара фаъолияти пурсамар дорад.
Таҳти роҳбарии узви вобастаи АМИТ, доктори илмҳои тиб, профессор Убайдулло Қурбон дар соҳаи микроҷарроҳӣ ва реконструктивӣ Ҷаҳонгир Дадоҷонов ба таҳқиқ ва пажӯҳиши илмӣ машғул буда, зина ба зина ин соҳаи бисёр нозук ва душворро аз худ намуда истодааст.
Раёсати Донишгоҳи давлатии тиббии Хатлон барои соҳиб шудан ба чунин дастоварди нодири илмӣ ба Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои фароҳам овардани чунин шароит изҳори сипос менамояд. Ҳамзамон, ба Ҳукумати ҶТ, ба Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон, ба Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии ҶТ, Вазорати маориф ва илми ҶТ, ба Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят, Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия барои дастгирӣ ва таваҷҷуҳи пайваста изҳори миннатдорӣ менамояд.
Ба Дадоҷонов Ҷаҳонгир дар фатҳи куллаҳои баланди илмӣ роҳи сафеду комёбиҳои навбанавро таманно менамояд.
Раёсати ДДТХ.
ИШТИРОКИ РЕКТОРИ ДДТХ ДАР САФАРИ ШИНОСОӢ ВА ОМӮЗИШӢ АЗ НИЗОМИ ТАНДУРУСТИИ ОЛМОН
Бо мақсади шиносоӣ ва омӯзиш аз низоми тандурустии Олмон аз санаи 7-ум то 16-уми октябри соли 2023 бо роҳбарии Вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон - Абдуллозода Ҷ.А. гурӯҳи корӣ, иборат аз мутахассисон ва коршиносон ба шаҳри Берлини Ҷумҳурии Федеративии Олмон сафар намуданд. Аз Донишгоҳи давлатии тиббии Хатлон Ректори донишгоҳ - д.и.т., профессор Убайдулло Қурбон ба гурӯҳи корӣ шомил гардида буд.
Зикр бояд кард, ки сафари омӯзишӣ дар доираи татбиқи «Барномаи рушди тандурустӣ дар Тоҷикистон», ки аз ҷониби Иттиҳоди Аврупо (ИА) ва Вазорати федеративии ҳамкориҳои иқтисодӣ ва рушди Олмон маблағгузорӣ гардидааст ва, ҳамзамон, дар доираи татбиқи лоиҳаи GIZ «Таъсиси системаи ягонаи ёрии аввалияи тиббию санитарӣ» ташкил карда шуд.
Барномаи сафари омӯзишӣ бо дарназардошти самтҳои асосии Стратегияи солимии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон то соли 2030 таҳия шуда, дар он вохӯриҳо бо масъулини Вазорати тандурустии Олмон ҷиҳати шиносоии гурӯҳи корӣ бо асосҳои ташкили хизматрасонии тиббӣ пешбинӣ шуда буд. Бахусус, дар ин раванд ба масъалаҳои маблағгузорӣ, суғуртаи тиббӣ, ташкили кӯмаки аввалияи тиббию санитарӣ (КАТС), рақамикунонӣ ва расонидани хизматрасонӣ тавассути системаи кунунии ҳамгироӣ дар сатҳи КАТС, аз ҷумла системаи муроҷиатӣ, таваҷҷуҳи хоса зоҳир гардида буд.
Шуъбаи равобити байналмилалӣ.